Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Овоза ва ҳақиқати мақоми нави Насим Олимзода

Хабари таъин шудани Насим Олимзода, собиқ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба вазифаи директори Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”, маъруф ба беморхонаи “Қарияи Боло” тасдиқи худро наёфт.

Асосан таъин гардидани Насим Олимзода ба ин вазифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ дирӯз, 3 июн пайдо шуд. Гуфта мешуд, ки Олимзода Насим Хоҷа, собиқ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 3 рӯз пеш сардухтури бемористони “Қарияи Боло” таъин шуд, ки дар ин вазифа ӯ Хизмат Шамсзодаро иваз намуд.

Аммо дар суҳбат бо Pressa.tj имрӯз, 4 июн Хизмат Шамсзода ин хабарро рад кард ва гуфт, ки айни замон дар утоқи кории худ мебошад ва ба фаъолият идома дода истодааст. Зимнан, Хизмат Шамсзода, директори Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” вобаста ба вазъи беморони коронавирус чунин гуфт: “Корпусҳои 2, 4 ва 8 -и Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” холӣ шудаанд. Фақат дар корпусҳои 5 ва 6 беморон бистарӣ мебошанд, ки ҳамагӣ 44 нафарро ташкил медиҳанд. Айни замон нисбат ба рӯзҳои пеш муроҷиати беморон ба маротиб коҳиш ёфтааст. Ин тақрибан ба 85% баробар мебошад”.

Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба Pressa.tj низ гуфтанд, ки ҳоло Олимзода Насим Хоҷа ба ягон вазифаи дигар таъин нашудааст, ин танҳо овозае беш нест.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.