Оятулло падарашро “банкрот” кард

 

     Писарамон соли гузашта синфи 11-ро хатм кард. Тамоми пасандози оилаамонро сарф намуда, ӯро ба донишгоҳи Ломоносови Русия дохил намудем, то оворагардию ҷӯрабозиро бас карда, хонда одам шавад. Падараш ба Оятулло хобгоҳ гирифта дод ва тамоми камбудиҳояшро бартараф намуда ба Ватан баргашт. Як моҳ нагузашта писарам занг заду “очаҷон, рафиқонам дар толорҳои варзишӣ машқ мекунанд, ман  бошам, мисли духтарҳо аз хона намебароям. Мехоҳам баданамро мисли ҷӯраҳоям обутоб диҳам” гӯён, зориву тавалло кард, ки барояш пул фиристем. Ба ҷону ҳоли падараш намонда маҷбур кардам, ки ба писарам маблағ равон кунад. Ду ҳафта пас Оятулло барои китоб пул пурсид, боз тавассути бонк барояш маблағ фиристодем.

Хулоса, ҳафтае набуд, ки писарам ягон баҳона пеш оварда аз мо маблағ талаб накунад. “Пул фиристед, либос мехарам, пул фиристед, шабнишинӣ дорем, пул фиристед, фалон мушкиламро ҳал кунам” гӯён, дар бадали як сол Оятулло ҷонамонро ба лабамон овард. Хароҷоти писарамон рӯз ба рӯз калон шуду оқибат косаи сабри падараш лабрез гашта, ба Оятулло занг зад ва дашному ҳақоратҳои  болохонадор дода гуфт: “Дар як сол хонаамро ба пуштам кардӣ бача, ман дигар ба ту на пул мефиристаму на телефонатро мебардорам. Аслан, мо хато кардем, ки туро ба Русия хонданӣ фиристодем. Аз ин пас худат медонию дави аспат, тавонӣ бо қувваи худат хон, натавонӣ, ба хона баргашта аз паси зиндагиат шав…” Писари эркатулфорамон сахт ранҷида телефонро хомӯш кард. Як моҳ боз на занг мезанад, на аз худ дарак медиҳад. Падараш ба чандин шиносҳояш занг зад, вале онҳо низ аз ҳолаш хабар надоранд. Аз ҳамин сабаб ба ба сомонаи  «Tajikistan times» муроҷиат намудам, то ки бо воситаи саҳифаи “Муҳоҷир” ба писарам бигӯям:

Оятуллоҷон, аз ғами ту на шаб хоб дораму на рӯз орому қарор. Модари зоратро ин қадар ҷигархун накун! Пул медоштем, албатта мо аз ту чизеро дареғ намедоштем, вале қарздору абгорем. Чаро ту моро фаҳмидан намехоҳӣ? Аробаи зиндагиамонро базӯр кашида истодаем. Ғами худамон бас аст, моро бештар ба гирдоби дарду алам наафкан писарам! Пули зиёд дошта бошем, барои ту дареғ намедорем, аз як сӯ моро ҳам фаҳм. Зиндагиямон бо  қарз пеш рафта истодааст. Илтимос, занг зада аз худ хабар деҳ!

Модари зорат Райҳонахон, аз н. Ҳисор.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *