Оё матбуоти мо озод аст? (Видео)

Қайд кардан ба маврид аст, ки соли гузашта Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои риояи озодии баён дар ҷойи 149-ум буд.

Ҳамасола дар дунё 3 — юми майро ҳамчун рӯзи озодии баён ҷашн мегиранд.

Дар арафаи ин ид созмонҳои байналмилалӣ роҷеъ ба сатҳи озодии баён дар тамоми мамолики дунё гузоришҳо таҳия менамоянд.  Хабарнигорони бидуни марз  (Reporters Without Borders ) дар гузориши солонаи худ сатҳи озодии баён дар Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои саркӯбгари озодии баён  ва наздик ба хатти «сиёҳ» ҷой дода, тибқи раддабандӣ сатҳи озодии баён дар Тоҷикистон 12 зина поён рафта, дар байни 180 кишвари дунё дар мақоми 161-ум арзёбӣ кардаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки соли гузашта Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои риояи озодии баён дар ҷойи 149-ум буд.

Шарҳи бештари вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро метавонед дар видеои таҳия намудаи хабарнигори сомона тамошо кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *