Оё «Ҳосилот» Ҷоми Тоҷикистонро ба даст меоварда бошад?

Мусобиқаи 25-уми дастаҳои футболи ҷумҳурӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоӣ расид.

Қабл аз ин, 26–уми октябр бозиҳои ҷавобии нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб)  — «Истиқлол» (Душанбе) ва «Ҳосилот» (Фархор) — «Хуҷанд» (Хуҷанд) баргузор шуд. Ҳарчанд ки бозии дуюм миёни ҳарифони дерин «Равшан» (Кӯлоб)  ва «Истиқлол»  мусовӣ (0:0) анҷом ёфта бошад ҳам, ғалабаи 4:0 дар бозии аввал душанбегиҳоро ба финал баровард.

«Ҳосилот» бошад,  дар бозии дуюм низ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, бори нахуст ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳхат гирифт. Дастаи фархориёнро рӯзи 5 ноябр футболбозони «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки ба рӯзи истироҳати шанбе рост меояд, қабул мекунанд. Вохӯрии ҳалкунандаи Ҷоми Тоҷикистон  шавқовару пуршиддат сурат гирифта, ба мухлисони варзиши оммавӣ ҳаловат хоҳад бахшид.

«Истиқлол» дар бозиҳои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон таҷрибаи ғанӣ дошта, то ин дам 5 маротиба ин ҷоизаи бонуфузи футболи миллиро соҳиб шудааст, ки 3 мартибаи охиринаш пайиҳам рух додааст.

Акнун ҷоизадорони  Ҷоми Тоҷикистонро дар муддати 24 соли мавҷудияташ муаррифӣ мекунем:

соли 1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0;

-1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯйи пеналти – 5:3;

— 1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1;

-1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯйи пеналти – 3:2;

— 1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0;

-1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1;

-1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хӯҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1;

-1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯйи  пеналти – 4:2;

-2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2;

-2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1;

-2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0;

— 2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1;

-2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0;

-2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯйи пеналти – 3:1;

-2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода – «Хима» (Душанбе) – 2:1;

— 2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0;

-2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1;

-2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1;

-2010 – «Истиқлол» (Душанбе) «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0;

— 2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

— 2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯйи пеналти – 5:6;

— 2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0;

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2.

Эмом НАЗАРОВ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *