Оё Туркманистон ба Тоҷикистон газ медиҳад?

Президенти Туркманистон зимни ширкат дар нишасти СҲШ ба суҳбатҳо бо раҳбарони Тоҷикистону Эрон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов яке аз меҳмонони фахрии нишасти сарони СҲШ буд, ки рӯзи 17 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Ҷузъиёти сафари ӯро нашрияи туркмании «Хроника Туркменистана» нашр кардааст.

Дар ин музокирот Бердимуҳамедов Конфронси байналмилалии кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки дастарасӣ ба баҳрро надоранд, эълон кард, ки қарор аст моҳи апрели соли 2022 баргузор шавад.

Ҳамчунин, раҳбари Туркманистон дар муколама бо раҳбарони Созмони ҳамкории Шанхай даъват кард, ки корро барои мубориза бо бемориҳои сироятӣ тақвият бахшанд.

Дар ҷараёни ин сафар президенти Туркманистон бо сарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Эрон Иброҳим Раисӣ гуфтугӯҳои дуҷониба анҷом дод.

Дар муколама бо Раҳмон, ӯ дурнамои рушди иқтисодро баррасӣ карда, ҳамчунин раҳбари Тоҷикистонро ба Саммити 15 -уми Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ба Ишқобод даъват кардааст.

Бердимуҳамедов бо раҳбари Эрон муносибони энержӣ ва тиҷоратро баррасӣ кардааст. Аз ҷумла, эҳтимоли аз сар гирифтани интиқоли гази туркман ба Эрон ва густариши ҳамкориҳои нақлиётӣ ва транзитӣ низ матраҳ шудааст.

Маълум шуд, ки президенти Туркманистон ба Душанбе на бо ҳавопаймои хусусӣ, балки бо ҳавопаймои мусофиркаши Boeing 777-200LR бо рақами думи EZ-A780, ки Ширкати ҳавопаймоии Туркманистон онро 15 июн гирифт, ба Душанбе омадааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *