Зӯри беҳуда миён мешиканад? Чӣ омилҳо сабаби марги гирифторони COVID—19 дар Маркази тиббии №1 (беморхонаи Советский) гардиданд?

Ба таваҷҷуҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ

— Медонед, сабаби марги гирифторони коронавирус дар Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе дар чист? — пурсид як ҳамсӯҳбатам.

— Намедонам, гуфтам дар ҷавоб.

— Дуди ангишти сихкабобхонаҳои маҳаллаи якум Советский!

Аввал фикр кардам, ки ӯ ҳарза мегӯяд, баъд ба андеша рафтам.

Ин суҳбат як моҳ қабл дар назди ин Маркази тиббии шаҳрии № 1, машҳур бо номи Беморхонаи “Якум Советский” сурат гирифта буд. Як дӯстамон гирифтори коронавирус шуд ва дар ин табобатгоҳ бистарӣ гашт. Ман ба аёдат омадам. Тартибот дар бемористон сахт буд. Касеро даромадан намегузоштанд. Аёдатомадагон  дар паси дарвозаи даромадгоҳ қарор доштанд. Онҳо як — як хӯрокаро дар ҷои муқарраршудаи дохили дарвоза мегузоштанд ва то омада бурда ба бемор  расонидан  мунтазир мешуданд. Ман ҳам қатори дигарон интизор  шудам. Чанд нафар ба сулфа задан даромаданд, гулӯи маро ҳам чизе хафа кард. Тарсидам. Ба сурфазадагон нигоҳ карда, ҳозиронро воҳима гирифт. Он нафаре, ки сухани болоро ба ман гуфта буд, тарси мардумро аз рамузашон фаҳмида,  ба сухан омад: «—Натарсед, ин аз дуди ангишти сихкабобхонаҳост». Воқеан, дуду бӯи сихкабоб ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Бо рӯймолча биниамро бастам. Занҳо ба даҳони биниашон рӯймол кашида  буданд. Ҳарчанд напурсидам, вале аз лаҳни ҳамсуҳбати он мард дарёфтам, ки аз аҳли тиб аст.

Шом хона баргаштам. Сухани он мард тахминҳои зиёдеро дар сарам давр занонд. «Ин гапаш як тахмин аст» — гуфта, мехостам худро ором созам. Аммо дил беқарорӣ мекард. Адабиётҳо, саҳифаҳои интернетро ғел гардонидам.  Маълумотҳо чун дуди ангиштсанги сихкабобхонаҳои маҳаллаи “Якум Советский”  сарамро гиҷ карда буданд. Хулоса як чиз буд: дуди ангиштсанг зарарнок, дурустараш хатарнок аст. Танҳо соате бас буд, ки баъди мутолиа ва суҳбати телефонӣ ба чанд кимиёшиносу духтур ба чунин хулоса оем. Аммо андешаи дигаре моро сахт мушавваш карда буд. Оё масъулини соҳа, раисони ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино, ки мебояд падари мушфиқи сокинони ноҳия бошанд,  аз ин огоҳанд? Раиси ноҳияи Фирдавсиро намедонам, аммо раиси ноҳияи Сино, ки духтур, собиқ вазири тандурустӣ аст, инро бояд хуб донад. Дар таркиби дуди ангиштсанг 12 унсури вазнини барои инсон марговар мавҷуд аст. Ин хулосаи олимони бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон аст. Онҳо на танҳо инсонро ба марг мерасонанд, балки хок, наботот, ҳайвонотро низ заҳролуд месозанд. Ва ин заҳр дубора ҳангоми хӯрдани об, истеъмоли ҳосили кишт, мева, сабзавот вориди организми инсон мегарданд. Ин унсурҳо кадомҳоянд? Аз ҷумла, гӯгирд (сера), фосфор, барилий, марги муш (мыщяк), селен, марганетс, ванадий, хром, синк, ҳамчунин маводи радиоактивии уран ва торий. Аҷиб он аст, ки дар ҳолати ба организми инсон ворид шудан ин унсурҳо чун COVID —19 барои худ муҳити мусоиди зист пайдо мекунанд. Пайвастшавии гӯгирд   (оксиди SO2, SO3) ба истиснои он ки муҳити экологии шаҳрро вайрон, заҳролуд мекунад, низ ҳангоми нафас кашидан ба фаъолияти рӯдаю меъда, шуш, рагҳои хунгузар ва дил таъсири манфӣ мерасонад.

Унсури хатарноки дуди ангиштсанг бериллий  ба организми инсон ворид шуда, бемории аллергия эҷод мекунад. Шояд «ҷанги» собиқ роҳбарияти шаҳр бо дарахти чинор беҳуда буд? Шояд мебоист бо дуди ангиштсанги кабобхонаҳо мубориза мебурд? Афсӯс, ки ағлаб масали «Ҳафт бор чен куну як бор бур» -ро фаромӯш мекунем.

Унсури ванадий бо дуди ангиштсанг ба бадан даромада, кори роҳҳои нафас, шуш, асаб, мубодилаи моддаҳоро вайрон мекунад. Ин маъдан аз ҳама зиёд ба ҷигар, гурдаҳо, узвҳои мардона, бофтаҳои устухон зарар мерасонад.

Уран ва торий унсури заҳролудкунандаи радиоактивӣ мебошанд. Онҳо одамонро гирифтори бемориҳои саратон ва занону мардонро безурёит мекунанд.

Аҷабо, ин манбаи хатар (сихкабобхонаҳо)дар атрофи Маркази тибби шаҳрии №1, ба номи Карим Ахмедов (собиқ вазири тандурустӣ) ҷамъ оварда шудаанд. Дар ин беморхона, алҳол беморони гирифтори COVID —19 табобат мешаванд. Вале аслан он дорои шуъбаи табобати беморони қанд (эндокринологӣ), ҳассосият (аллергологӣ), асаб (неврологӣ), бемориҳои дохилӣ (терапевтӣ), бемориҳои сироятии кӯдакона, бемориҳои шаҳрии навзодон (неонатология), зоишгоҳи бузург мебошад. Ба тасаввур, ақли солим намеғунҷад, ки онҳоро ба ҷои кислород бо дуди ангиштсанги сихкабобхонаҳо таъмин созанд. Охир бе ин ҳам дар Душанбе гардиши шамол нест, ки ҳаво тоза шавад. Раиси ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳазор заҳмат шаҳрро ба гулистон табдил додааст, аммо сихкабобхонаҳои мисоли занбӯруғ баъди раъду барқ дар шаҳр рӯида, муҳити экологиро вайрон ва заҳролуд мекунанд. Оқибатҳои чунин таркишҳои экологӣ дар таҷрибаи бисёр шаҳрҳо ҳастанд, ки метавонанд намунаи ибрат шаванд. Як мисоли он ҳодисаи дар Лондон, соли 1952 ба вуқӯъ омада мебошад. Дар ин шаҳр  чор рӯз шамол намешавад ва дуди ғализи ангиштсанг дар болои шаҳр муаллақ мемонад. Аз рӯи  маълумоти расмӣ, он боиси марги беш аз 4 000 нафар мегардад.

Аз суҳбат бо духтурон боз як ҷузъиёти ба ҳолати марг овардани дуди сихкабоби ангиштсангро дарёфтем. Дуди ангиштсанг бо равғани чарбуи гӯшт, ки худ низ марги рагҳои хунгузар аст, даромехта вориди роҳҳои нафаскашӣ ва шуш мешавад. Қанда зану ин унсурҳои кимёвиро аз чарбу канда берун барор. Шояд сухани он ҳамсӯҳбати духтур табиати  аз ҳақиқат дур набошад? Шояд қисме аз беморони коронавирус ба ҷои оксиген дуди заҳролуд нафас кашиданду…

Кас ба тааҷҷуб мешавад: — Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Вазорати тандурустӣ, экологияи шаҳр, санэпидистансияҳо умуман, як тӯда масъулину маъмурин куҷо менигаранд?

Охир дар замони қадим ва ҳоло ҳам дар деҳот ҳангоми сандалӣ гарм кардан аз ангиштсанг истифода намебаранд. Чӯбро месӯзанд ва лахчаи онро дар сандалӣ ва дар кабобпазӣ истифода мебаранд. Куҷо дидаед, ки дар камин ангиштсанг истифода карда бошанд!

Оё дидаед, ки дар шаҳрҳои чун Душанбе соҳибэътибор бо ангиштсанг кабоб пухта бошанд? Мо ба Маскав, Берлин, Порис, Ню Йорк… телефон кардем ва пурсидем, ки сихкабобро дар тарабхонаҳо бо чӣ мепазанд. Посух чунин буд: «Аввалан, сихкабобхонаҳо дар гӯшаҳои шаҳранд. Дуюм, сихкабобро бо  зуғоли чуб ё асбобҳои электрикӣ омода мекунанд».

 Маҳаллаи “Якум Советский” аз чорроҳаи Маркази тиббии № 1  то чорроҳаи маҳаллаи  46 «Шаҳрошӯб» —и Сайидои Насафиро ба хотир меорад. «Кабоби хуҷандиба БИЁ! », «Самбӯсаи бомазаи Амбарой!», ”Сихкабоби Султон!», «Сихкабоби Умедҷон!», «Сихкабоби Бунёд!», «Сихкабоби Суғдиён!», «Хуҷандӣ ба биё, сихкабоби хуҷандӣ…» (Ҳангоме ки мо бо камера ин манзараро наворбардорӣ мекардем, як нафар оҳиста ба гӯшамон гуфт: «Бовар накунед, ки рӯдаю ишкамбаҳои кирмзада ба вилояти Хатлон мераванд. 90 фоизашон дар ҳамин ҷо истифода мешаванд. Ин мавзӯи мақолаи дигар аст»).

 Аммо чаро ин маҳалла барои сихкабобпазӣ интихоб шуд ва сохтмони сихкабобхонаҳо ҳанӯз ҳам идома дорад? Аввал, ин маҳалла сераҳолист. Дуюм,  харидану ба ошхона табдил додани хонаҳои арзон барои мултимиллионерҳо манфиатовар аст (Оё медонед, ки  соҳибони ин сихкабобхонаҳо дар ин маҳалла зиндагӣ намекунанд? Барои онҳо муҳим пул аст, на саломатии сокинони Душанбе. Шиорашон гӯр сӯзаду дег ҷӯшад). Сеюм, дар маҳалла ду масҷиди калон фаъолият дорад, ки намозхонон бо як тир ду нишон мезананд—ҳам намоз мехонанду ҳам шашлик мезананд.  Чорум,  ду бозори калон — «Султони Кабир» ва собиқ «Ҷал- Ҷам» дар ҳамин ҷост. Панҷум,  яке аз беморхонаҳои калонтарини шаҳр  дар ин маҳалла аст. Шашум, роҳи гузар. Ҳафтум, қисми ҳарбии Русия наздик… Боз чӣ мехоҳед?!

 Ғафскисаҳо кабобхона месозанду ба иҷора медиҳанд. Тасаввур кунед, дар ҳудуди тақрибан саду панҷоҳ метр 12 нуқтаи фурӯши шашлик ва ё “Кабоби хуҷандӣ” —ро мушоҳида намудем:  « Сихкабоби шоми Хуҷанд»,  « Сихкабоби Шамс», «Сихкабоби Умедҷон», «Сихкабоби Бунёд», «Сихкабоби Суғдиён», «Сихкабоби Султон…»… Дуди ғализи ин ҳама сихкабобхонаҳоро шамолакои Файзобод рост ба Маркази саломатии № 1 мебарад ва сокинони маҳалларо заҳролуд месозад.

Бемористонро ба як гӯша мегузорем. Мардуми ин маҳал, ки дуди кабоб мехӯранд, чӣ ҳол доранд? Мо бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шудем.

« —Акаҷон, илтимос маро напурсед. Мисли шумо як хабарнигор дар ин бора навишта буд, кӯчашро аз маҳалла бардоштанд» —мегӯяд Муҳаммад ном, сокини кӯчаи Яккачинор.  « Даҳҳо бор арз кардему бенатиҷа. Ҷой қаҳтзадагӣ барин, маҳз дар ҳамин маҳали серодамро интихоб карданд. Магар дар шаҳр ин қадар мӯриҳои сиёҳдуд шарт аст? Бояд роҳбарон ягон чора андешанд” — арзи ҳол мекунад, сокини ҳамин кӯча бобои Ҳусейн Самадов. Сокини дигари маҳалла Малика Дӯстова қариб буд, ки ашк аз чашмонаш ҷорӣ шаванд: « Парпечҳои сап — сафеди кӯдаконро саҳар аз ҷойгаҳ сип- сиёҳ мегирам. Агар матоъ сиёҳ шавад, пас шуши фарзандони мо, ки шабу рӯз аз ин ҳаво нафас мекашанд, чӣ ранг дошта бошад? Акаҷон аз дастатон ҳеҷ чиз намебиёд, моро азоб надиҳед!». Як нафари дигар баробари дарвозаро кушодану моро дидан, як даст ба даҳон бурду бо дасти дигар пушташро қапида, дохили ҳавлӣ аз назари мо нопадид гашт.

Шояд ӯ бар он ақида буд, ки ба додаш касе намерасад? Зеро сокинони ин маҳалла мегӯянд, ки соҳибони ин ошхонаҳо одамони баландмартаба ҳастанд ё аз пушташон одамони баландмартаба меистанд. Шояд! Мо ба раиси маҳалла Хайриддин Уроқов  рӯй овардем: « Аз дасти мо чӣ меояд? Мегӯем, менависем, меоянду  мебинанду мераванд, аммо натиҷа нест. Не, натиҷа ҳаст, баръакс. Онҳоеро, ки дар ин бора навишта, имзо ҷамъ карда буданд, ба прокуратура даъват карда, баёнот гирифтанд,ки беасос ба “шашликчиҳо” туҳмат накунанд». 

Дарро задам, девор кафид!

Албатта, ин тоифа масъулин бо ҳам чун занҷири куҳнавардӣ пайванданд. Онҳоро кандан шояд душвор аст. Душвор, вале мумкин. Сазои ҳар кас ба андозаи кардаҳояш аст. Вале косаи сабр ҳам метавонад лабрез шавад. Ин одамон, ки охурбинанду охирро намебинанд, пеш аз пушту паноҳ шудан ба касоне, ки “Советский 1”- ро ба кӯрдудхона табдил додаанд, андеша кунанд, ки ба ҷои беморони Маркази тиббии №1 ва сокинони маҳаллаи “Советский—1” худашон, фарзандонашон, падару модарашон мебуданд, чӣ мекарданд. Худро ба ҷои ба мушкилӣ афтодагон гузоштан душвор аст, аммо имконпазир. Ба шарте, ки виҷдон бошад!

Хуллас, оё роҳи наҷоти Миркази саломатии №1 ва сокинонони маҳаллаи  “Советский—1” аз ин мушкилоти экологӣ вуҷуд дорад?

«—Албатта вуҷуд дорад, —мегӯяд як корманди масъули хадамоти экологӣ: дар шаҳр,  дар назики муассисаҳои тиббӣ ва маҳаллаи аҳолинишин манъ кардани фаъолияти сихкабобхонаҳо, аз ҳудуди шаҳр баровардани онҳо. Умуман, бо ангиштсанг пухтани сихкабоб, ки оқибатҳои вазнини экологӣ дорад ва  зарари сахт ба саломатии мардум мерасонад, манъ карда шавад».

Аммо медонед, он шахс ҳангоми хайрухуш чӣ гуфт: «—Масали зӯри беҳуда миён мешиканадро медонед? Мардуми маҳалла чӣ мегӯянд, духтурон дар чӣ андеша ҳастанд муҳим нест. Навис—нависи шумо ҳам беҳуда аст. Агар зӯри Ҳукумати шаҳр нарасад, зӯри ҳеҷ кас ба соҳибони ин сихкабобхонаҳо намерасад!».

Шояд!

Редаксияи «Тоҷикистон» тадқиқи ин мавзӯъро идома медиҳад!

Абдумуддасир Аҳмадзода,

Усмон Раҳимзода,

(хабарнигорони махсус)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *