Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Озмуни “Килки сабз” ҷамъбаст шуд (видео)

“Килки сабз” -озмуни шеъри ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи Президент ҷамъбаст шуд.

Ҳайати ҳакамони озмун Шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, Гулназар, сардабири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” Шоҳона Сулаймонӣ ва муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Одил Нозир ашъори шоиронро баррасӣ карда, ғолибонро муайян карданд.

 Маросими супоридани ҷоизаҳо санаи 22-юми ноябр баргузор мешавад. Ҳамчунин ашъори иштирокчиёни озмун зери як мусаввада гирд оварда шуда, таҳти унвони “Килки сабз” ба табъ мерасад, ки рӯзи маросим рӯнамоӣ хоҳад шуд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.