Озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» оғоз шуд!

Биёед, ситораҳои нав меҷӯем!
Э ҳе-ҳей!!! Нашунидам нагӯед, нафаҳмидам нагӯед!!!
Рӯзе, ки шумо кайҳо боз интизораш будед, фаро расид!

 Пас аз интизориҳои тӯлонӣ
Пас аз ташнагиҳои руҳу ҷон

 Идораи ҳафтаномаи «Оила» ба кулли ошиқони савту наво
аз оғози озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» паём медиҳад!

 Хонандагони азиз, тавре ки шумо хабар доред, ҳанӯз моҳи июн идораи ҳафтаномаи «Оила» тасмим гирифта буд, ки бахшида ба Соли ҷавонон байни сарояндагони ҷавони аз 15 то 35- солае, ки дар жанрҳои эстрада ва РЭП суруд мехонанд, озмуни «Оҳанги ҷавонӣ»-ро баргузор намояд. Дар давоми чанд моҳ ба ин озмуни зебои ҳунарӣ аз ҷониби мухлисон зиёда аз 50 нафар сарояндагони боистеъдод пешбарӣ карда шуданд. Овоздиҳӣ ба тарафдории иштирокчиёни озмун аз 20-уми сентябр оғоз шуда, то моҳи феврали соли 2018 идома меёбад.

Акнун шумо метавонед ҳунармандони писандидаи худро, ки дар озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» номнавис шудаанд, дастгирӣ намуда, ҳар соат, ҳар рӯз, ҳар ҳафта ба ҷонибдориашон овоз диҳед.

Овоздиҳӣ бо ду роҳ сурат мегирад:

  1. Овоздиҳӣ тариқи купон-анкета, ки ҳар ҳафта дар саҳифаи озмунии ҳафтаномаи «Оила» ба табъ мерасад.
  2. Овоздиҳӣ тариқи сомонаи «tajikistantimes.tj» бо роҳи лайк гузоштан зери номи иштирокчиёни озмун.

Бартарии озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» аз дигар озмунҳо дар он аст, ки дар овоздиҳӣ ягон маҳдудият гузошта намешавад. Шумо метавонед ба ҷонибдории ҳунарманди писандидаатон аз як то як миллион анкета фиристед ё зери номаш садҳо ҳазор лайк гузоред.

                      3 Х 1

Дар интихоби шакли овоздиҳӣ ҳар як мухлис озод аст ва ба ҳар тариқе, ки мехоҳад, метавонад ба тарафдории ҳунармандони писандидааш райъ диҳад, вале….

Ба маълумотатон мерасонед, ки овоздиҳӣ тариқи анкета бартарӣ дошта, ҳар як купоне, ки шумо онро аз газета бурида гирифта, бо зикри номи ҳунарманди дӯстдоштаатон ба идораи ҳафтанома мефиристед, се овоз ҳисоб карда мешавад.

Калиди шуҳрат дар дасти кист?

Лозим ба ёдоварист, ки аз байни 50 довталаб танҳо 15 ҳунарманди хушбахте, ки шумораи аз ҳама зиёди овози мухлисонро ба даст меоранд, ба даври финалӣ роҳ ёфта, дар консерти ҷамъбастии озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» иштирок менамоянд. Тақдири ҳунармандони писандидаатон дар дасти шумост мухлисони азиз, агар фаъолона овоз диҳед, сарояндаҳои дӯстдоштаатон ба қатори ғолибони озмун ворид шуда дар консерт иштирок мекунанд, агар не, ҳарду ноком хоҳед шуд.

Овоз диҳед ва роҳат кунед!

 Озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» санаи 14-уми февал, дар рӯзи Валентини Муқаддас, ки дар тамоми дунё ҳамчун «Рӯзи ошиқон» машҳур аст, дар толори Филармонияи Давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба таври тантанавӣ ҷамъбаст карда мешавад.

Дар ин рӯз чеҳраҳои намоёни фарҳангу адаби кишвар ва ситораҳои санъати тоҷик ба табрики ғолибони озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» меоянд.

Мухлисони савту наворо таронаҳои нави ҳанӯз об нарасида ва базми хотирмоне интизор аст.

 Ҷоизаҳои озмун

Ғолибони озмуни «Оҳанги ҷавонӣ»-ро мукофотҳои зерин интизоранд:

  1. Ҷоиза-статуеткаи ғолиби озмуни «Оҳанги ҷавонӣ-2017
  2. Дипломи ғолиби озмун

Шоҳҷоизаи озмун

Ҳунарманди хушбахте, ки шумораи аз ҳама зиёди овози мухлисонро ба даст меорад, соҳиби шоҳҷоизаи озмун-роҳхати сафар ба яке аз зеботарин шаҳрҳои олам, ки биҳишти рӯйи заминро мемонад, хоҳад гашт.

Садоқати худро исбот кунед!

Шумо худро мухлиси ашаддӣ ва содиқ ҳисоб мекунед?

Мехоҳед, ки ҳунарманди дӯстдоштаатон ба қатори ситораҳо дохил шавад?

Пас, дар амалӣ гаштани орзуяшон ба санъаткорони писандидаатон ёрӣ расондед!

Ҳайрон нашавед, мухлис ҳам метавонад ба ҳунарманди дӯстдоштааш кӯмак расонад. Барои ин қитъаи навро дар сайёра кашф кардан ё ҷон нисор намудан шарт нест!

Кофист, ки ҳар ҳафта купон-анкетаҳои озмуни «Оҳанги ҷавонӣ»-ро аз ҳафтаномаи «Оила» бурида гиред ва номи ҳунармандони дӯстдоштаатонро навишта, ба идораи газета фиристед.

Имконияти ҳар ҳафта ба редаксия расонидани купонҳоро надошта бошед, пас ба сомонаи «tajikistantimes.tj» ворид шуда, банери озмуни «Оҳанги ҷавонӣ»-ро ёбед ва зери номи ҳунармандони писандидаи худ лайк гузоред!

Тақдири ҷавонони соҳибҳунар дар дасти шумост. Биштобед, ба ҷонибдории ҳунармандони писандидаатон овоз диҳед ва аз шунидани садояшон роҳат кунед!

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *