Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Озода Раҳмон падарашро табрик кард (Видео)

Раҳбари дастгоҳи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон барои бори аввал бо нашри як паёми видеоӣ падараш Эмомалӣ Раҳмонро ба зодрӯзаш табрик гуфт. Озода Раҳмон зиндагии падарашро мояи ифтихор ва дарси ибрат барои тамоми фарзандон номид.

Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи президенти Тоҷикистон, ки барои бори аввал падараш Эмомалӣ Раҳмонро бо паёми видеоӣ табрик мекунад, дар як видеои чордақиқагӣ аз номи фарзандону набегарон падари худро ба 65-солагиаш табрик гуфт. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 октябр ба синни 65 расид.

Дар ин видео, ки пур аз аксҳои нодири раисиҷумҳур бо Озода Раҳмон ва дигар фарзандону наберагон ва наздиконаш аст ва аз ҷониби Хадамоти матбуоти президент нашр шудааст, Озода Раҳмон хитоб ба падараш мегӯяд:

Қиблагоҳи оқилу одилу донишманду хирадмандам! Падари азизам!

Ифтихорам! Устодам! Роҳбаладу мураббии ғамхорам!

Имрӯз барои мо, аҳли фарзандону наберагон ва пайвандон як рӯзи пур аз шодмониву саодат аст. Ҷашни бузурги зодрӯзи шумо бори дигар мо, фарзандонро сари як дастурхони пур аз навозишу меҳрубонӣ ва шукру сипос ҷамъ овардааст. Зиндагии пур аз нишоту саодати шумо ва модари меҳрубонамон, давлатсозиву давлатдории ҷавонмардонаву пур аз ифтихори миллиатон барои ҳар яки мо, фарзандону наберагон, мояи ифтихору сарбаландӣ ва дарси ибрат аст.

Падари азизам!

Барои шумо аз даргоҳи Парвардигор саломатӣ, умри пурбаракат, шодиву нишоти аз ин ҳам бештар, давлати поянда, обрӯву нуфузи ҷовидонаро орзу менамоям.

Бигзор ҳамеша бахту саодат ва сулҳу ваҳдати пойдоре, ки меъмораш шумоед, дар фазои Тоҷикистони азизамон баландпарвозӣ кунад.

Мо ҳам, фарзандону наберагон, қавл медиҳем, ки мисли шумо, падари азизам, даст болои дил барои Ватану сарзамин ва халқи азизи Тоҷикистон содиқона ва бо виҷдони пок хизмат хоҳем кард.

Зодрӯзатон муборак, падари азизу меҳрубонам!»

Озода Раҳмон дар идомаи видео шеъре дар васфи падар мехонад, ки банди аввалаш чунин аст:

Рӯзу шаб бо завқи дил «Қуръон” тиловат гар кунӣ,

То дами субҳи сафо тоат ибодат гар кунӣ.

Мисли Ҳотам доимо хайру саховат гар кунӣ,

Каъбаи ҳақро ҳазорон бор зиёрат гар кунӣ.

То падар розӣ набошад,тоатат мақбул нест…»

-->

Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Сайдулло 06.10.2017 09:25

    Худованд нигахбонатон бошат Пешвои Миллат мухтарам Эмомали Рахмон.

  2. ДСХ 06.10.2017 16:01

    Сад сола шавед ва хамеша болои сари мо бимонед Пешвои муззами миллати точик

  3. ДСХ 06.10.2017 16:02

    Сад сола шавед ва хамеша болои сари мо бимонед Пешвои муаззами миллати точик

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.