Озори лафзӣ: бетамизиву расвоӣ то ба кай?

Имрӯзҳо дар кӯчаву роҳравҳо тавре ба мушоҳида мерасад, муносибати дур аз фарҳанги муошират миёни зумраи ҷавонон ва сокинон ба расмият даромадааст. Бо шуниданаш чӣ ба тариқи телефони мобилӣ ва ё чӣ ба тариқи мустақим зеҳн ва равони  шунавандаи закӣ хоҳ тасодуфӣ бошад ва ё хоҳ  воқеӣ осеб мебинад. Гарчанде ки дар мактабҳо ва донишгоҳҳои ҷаҳон бобати тарбияи одоби муоширати наврасону ҷавонон соатҳои зиёд бахшида шудааст ва ба ин васила ба ҷавонон нозукиҳои муносибат ва муошират миёни ҷомеа омӯзонида мешавад, аммо то ҳанўз мо фарҳанги сухангустариро побарҷо истифода карда наметавонем. Мутаассифона, баъзе аз ҷавонони камхондаи мо бефарҳангии хешро ҳангоми суҳбат (гаппартоӣ) дар кӯчаву роҳрав бо дӯшизае, ки ба ҷуз аз меҳрубониву навозиш чизи дигареро пазиро нест, бармало месозанд. Набояд ба гӯшаи фаромӯшӣ дод, ки пазироиши инсон ва муҳаббати ў аз ҷониби чӣ дӯшиза бошад ё чӣ ҷавонписар аз рӯйи сатҳи тарбият ва одоби муошираташон суръат мегирад. Аксаран ба назар мерасад, ки як гурӯҳ ҷавондухтарон ва ҷавонписарон дар роҳрав гирд омада, бо сўҳбатҳои ғайриахлоқӣ ва гӯшхароши худ муҳити фарҳангиро ба маҷрои бетамизию расвоӣ мекашанд ва ҳамчунин аз тарбияи одоб бенасиб будани хешро ба атрофиён бармало месозанд.

Бобати қонуншиканӣ ва поймол намудани тартибот дар ҷомеа аз ҷониби сокинон, алалхусус ҷавонон ва ҳатто баъзе аз ҳимоятгарони  қонун ҳар қадаре, ки гуфтан хоҳем, боз ҳам кам аст. Махсусан банда бо дар назардошти тахассус ва нигоҳи соҳавиям дар маконҳои дилхушӣ, дискоклубҳо, майхонаҳо, борҳо мушоҳида кардаам, ки қисман низомшиканон ноболиғону ҷавонон ва ҳатто кормандони низомии ноогоҳ аз масъулияти бар дӯшдоштаашон мебошанд, ки пас аз чанд ҷуръа нӯшидани майи хуношом ва аз даст додани қувваи зеҳнӣ бо овози баланд дашном додани модарони якдигар ва бо ин аҳвол нишастан сари чанбари мошин ва бо суръати баланд рондани нақлиёт ва бемавриду бе ист зер кардани баландгўи мошин (сигнал — серена) фароғати сукунатдоштагони маҳалро барҳам мезанад. Магар фароғат ин аст? Агар ин бошад, пас вой бар ҳоли мо барин ҷавонони модардору хоҳардор.

Бахтовар Қаландаров,  

хабарнигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *