Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Паҳлавонони тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ соҳиби ду медал гаштанд

Варзишгарони тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳои размӣ, ки рӯзҳои 3 ва 4 сентябр дар шаҳри Чҳонҷӯи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, ду медали нуқра ба даст оварданд. Дар ин бора  аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Хотиррасон менамоем, ки барномаи мусобиқот 15 намуди варзишро дарбар мегирифт. Дар сабқати самбои размӣ Тоҷикистонро ду варзишгар- Сайриддин Шоев дар вазни то 74 кило ва Муҳаммадризо Қурбонзода дар вазни то 100 кило намояндагӣ карданд. Ҳарду паҳлавони тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар қувваозмоии ниҳоӣ Сайриддин аз гӯштингири Узбекистон Шербек Рӯзиев ва Муҳаммадризо аз варзишгари Муғулистон Ариунерден Батбаяр мағлуб гашта, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.