Падари Ҳабиб Нурмагомедов даргузашт

Падар ва сармураббии размовари рус Ҳабиб Нурмагомедов – Абдулманап Нурмагомедов имрӯз 3-юми июл дар синни 57 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора роҳбари Чеченистон Рамзон Қадиров хабар додааст.

Тавре Рамзон Қадиров хабар медиҳад:

«Дӯстон ба ман хабари ғамангез расониданд, ки Абдулманап Нурмагомедов ин ҷаҳонро тарк кард. Ман ба оилаи Нурмагомедов ва тамоми халқи чечен изҳори тасалият мекунам”,

Ҳабиб Нурмагомедов 22 июн хабар дод, ки падараш дар ҳолати вазнин қарор дорад. Вай дар аввал бо пневмония дар беморхона бистарӣ шуда буд, аммо баъдтар инсулт шуд ва як ҳафта дар кома монд.

Падари чемпион UFC дар вазни сабук тайи чанд моҳ боз аз бемории сактаи қалб низ ранҷ мебурд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *