Падари сардабири “Фараж” аз олам даргузашт

Қалби Ато Карим, падари сардабири ҳафтаномаи “Фараж” ва директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршед Атовулло шаби 28 май дар бемористони шаҳри Панҷакент аз тапидан бозмонд.

Ато Карим, шоир, нависанда ва омӯзгор буд, ки дар синни 70-солагӣ ин дунёро тарк кард. Номбурда ба адабиёт шавқи зиёде дошт. Китобҳои ӯ бо номҳои “Садо аз зиндон” (1998), “Ашки ҳасрат” (1999), “Тӯшаи ғарибон” (2009), “Фарёди дил” (2011), “Пули ҳаром”, (2014), “Ашки ғам” (2018) ба таъ расидаанд ва навиштаҳояш дар чанд маҷмӯаи дастҷамъӣ нашр шудаанд.
Маросими видоъ бо шоир ва нависанда Ато Карим имрӯз, 29 май дар зодгоҳаш-деҳаи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент сурат гирифт.

Намуна аз ашъори шоир Ато КАРИМ:
Мегузарад
Аз сари мо ин ҳама ҷабру ҷафо мегузарад,
Оташи дарду алам, сабри бало мегузарад.
Гарчӣ беғам будаем айни ҷавониву камол,
Пирӣ бар мо бирасад, кайфу сафо мегузарад.
Ба фароғат биравем ар ба тамошои чаман,
Лаҳзае замзамаи мурғи наво мегузарад.
Ин ҳама олами фонӣ накунад меҳру вафо,
Ки ба як мижа задан тири қазо мегузарад.
Ту бихон ояти «Қуръон”, Карим, баҳри савоб,
Чашм накшода ту, як рӯзи Худо мегузарад.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи “Pressa.tj” ба сардабири ҳафтаномаи “Фараж” Хуршед Атовулло ва бародарону хоҳаронаш бинобар даргузашти қиблагоҳашон изҳори тасаллият баён мекунанд. Равони марҳум шод ва хонаи охираташ обод бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *