Пахтасупорӣ. Левакант нақшаро иҷро кард

Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз даври дувуми мусобиқаи меҳнатии 15-рӯзаи пахтағундорӣ натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ин давр раиси шаҳри Левакант Заррина Давлатзода бо гирифтани ҷойи аввал бо сипоснома ва 15 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Раиси шаҳри Бохтар Исмоил Абдуалимзода ҳамчун барандаи мақоми дувуми мусобиқа бо сипоснома ва 10 ҳазор сомонӣ қадр карда шуд. Сипоснома ва 5 ҳазор сомонӣ барои ишғоли ҷойи сеюм ба Исломиддин Раҳмон, раиси ноҳияи Данғара, супурда шуд. 

 Зимни сухани табрикӣ Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, аз меҳнати пахтакорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ситоиш карда, гуфт, ки 30-юми сентябр зарофарони шаҳри Левакант аз иҷрои дурнамои имсолаи пахтасупорӣ бо сарбаландӣ баромаданд.

Соли ҷорӣ дар шаҳри Левакант дар майдони 1 ҳазору 10 гектар кишти пахта гузаронида шуда, то имрӯз 2 ҳазору 310 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин аз дурнамои имсола 3 тонна зиёд мебошад.

Қурбон Ҳакимзода таъкид кард, ки суръати ҷамъоварии ҳосили пахта бояд дар дигар ноҳияҳо низ тезонида шавад. Чунки бо иҷро накардани дурнамои соли гузашта, ба истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, рушди саноат, таъмини корҷӯён бо ҷойи кор ва дар маҷмуъ ба вазъи иҷтимоии аҳолӣ таъсири манфӣ расид.

Ёдовар мешавем, ки даври аввали мусобиқаи меҳнатии 15-рӯзаи пахтағундорӣ бо тақдими айнан ҳамин миқдор туҳфаҳои молӣ ба фоидаи ноҳияи Шаҳритуз (ҷойи аввал), шаҳрҳои Бохтар (ҷойи дуюм) ва Левакант натиҷагирӣ шуда буд.

Машраби Аловиддин, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *