Панҷ ғизо ва нӯшокии зарарноки солинавӣ

Ҳар сол дар арафаи соли нави мелодӣ ва ҷашнгирии идҳои солинавӣ аз истеъмоли ғизои зиёд ва нӯшидани бебаркаши машрубот заҳролудшавии нафарони зиёде ба ҳукми анъана даромадааст.

Аслан сари дастурхони пурнозу неъмат нишастану аз таҳти дил шикам пур накардан номумкин аст, вале баъзан ғизову нӯшокиҳое, ки ба хони солинавӣ гузошта мешавад, нодуруст интихоб карда мешаванд ва маҳз ҳамин ғалат сабабгори заҳролудшавӣ дар шаби Соли нав ва чанд рӯзи дигари баъд аз ид мегардад.

Табибон 5 ғизо ва нӯшокии зарарноки солинавиро муайян намуда, аз истеъмол намудани баъзе маҳсулотҳо, ки дар якҷоягӣ сабабгори заҳролудшавӣ мегарданд, хотиррасон  менамоянд.

Аслан дастурхони солинавиро бо он мақсад пур аз нозу неъмат месозанд, ки тамоми сол дар хонадони мо фаровонӣ бошад, вале бояд як чизро ба назар гирифт, ки истеъмоли баъзе маҳсулот дар шаби Соли нав метавонад як рӯзи моро ба дӯзах мубаддал гардонад. Инак, кадом ғизоҳои солинавӣ зарарнок маҳсуб меёбанд:

Мандарин ширин аст, вале…

Бе ин меваҳои ширини ситрусӣ Соли навро тасаввур кардан имконнопазир аст. Мандарин меваи фоидабахш, бомаза ва барои истеъмоли машрубот хеле қулай аст. Вале табибон ҳушдор месозанд, ки нафарони гирифтори бемориҳои захми меъда, колит, гастрит ё холисистит мандаринро хеле боэҳтиёт истеъмол карданашон лозим аст, чун он ба пардаи луобии меъда ва рӯдаҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Табибон ёдрас мешаванд, ки мандаринро баъди хӯрок истеъмол кардан манъ аст, вақте мандарин баъд аз гӯшт дохили меъда мегардад, то ҳазм шудани гӯшт дар меъда меистад ва мунтазам турш шудан гирифта, дар натиҷа сабабгори дамиши шикам, дарунрав ва оруғзанӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, агар шумо истеъмоли мандаринро дӯст медошта бошед, ҳангоми сари дастурхон нишастан аввал онро тановул намоед.

Гӯшти бирён ва равғанин — аҷали меъда

Дастурхони солинавиро бе гӯштбирёну сихкабоб тасаввур кардан номумкин аст. Номгӯи хӯрокҳои аз гӯшт омодашуда хеле зиёд аст, вале на ҳар меъда имкони ҳал кардани гӯшти равғанину серғизоро дорад.

Беҳтар аст, ки ба ҷои гӯшти гов дар шаби Соли нав гӯшти мурғ ё гӯшти харгӯш истеъмол кунед, он гоҳ меъдаи шумо то саҳар ба дод намеояд. Бо хӯроки гӯштӣ ҳатман сабзавот истеъмол кардан лозим аст, сабзавот гӯштро зудтар ҳазм месозад ва дар меъда вазниниву зардаҷӯш пайдо намешавад.

Шампон зардаҷӯш мекунад

Машруботро қисмати асосии хони солинавӣ гӯем, хато намешавад. Нафаре арақ менӯшад, дигаре май, вале пеш аз ҳама, шишаи шампон кушода мешавад. Аслан шампон нӯшокии идона аст ва қариб, ки ҳама онро истеъмол мекунанд, вале аксаран баъди нӯшидани он зардаҷӯш пайдо мешавад.

Рафту баъд аз шампон майи сурх истеъмол карда шавед, ҳолати меъда хеле бад мегардад. Мувофиқи тавсияи табибон нӯшидани як қадаҳ шампон дар ин шаб кифоя аст ва ба ҳар ҳол бо худ доруи зардаҷӯшро ҳам гиред.

Хӯришҳои майонездор заҳролуд месозанд

Оливе-хӯришест, ки онро ҳатман дар шаби Соли нав омода мекунанд ва вақтҳои охир боз ду — се хӯриши дигар низ дар дастурхони идона пайдо шудааст, ки ҳатман дар таркиби худ майонез доранд. Мувофиқи тавсияи табибон хӯришҳои майонездоштаро дар аввали хӯрокхӯрӣ истеъмол кардан лозим аст ё ба ҷои майонез ба хӯриш равғани растанӣ бояд илова намуд.

Сабаб дар он аст, ки майонез ба зудӣ турш мегардад, хусусан дар утоқҳои гарм дурудароз нигоҳ доштани хӯришҳои майонездор хатарнок аст ва истеъмол кардани он боиси заҳролудшавӣ гашта метавонад.

Коктейл фиреб аст

Зардаҷӯш, вазнинӣ дар меъда, дарунрав ва дилбеҳузурӣ метавонад шаби идро ба шаби пур аз дарду ранҷ мубаддал гардонад. Аксаран заҳролудшавӣ дар шаби Соли нав бо сабаби истеъмоли аз ҳад зиёди машрубот рух медиҳад.

Ғалати бузургеро, ки дар шаби Соли нав ба он роҳ медиҳанд, омехтасозии машрубот бо нӯшокиҳои газнок аст. Бо гумони он ки омезиш додани арақ, ром, виски, коняк ва дигар намуди машрубот бо нӯшокиҳои газнок, кола ва лимонад «маст» намекунад, дӯстдорони машрубот ба ғалати дукарата роҳ медиҳанд. Зеро чунин коктейлҳо таъми машруботро кам месозанд ва дар натиҷа онро аз меъёр зиёд истеъмол кардан мумкин аст.

Баъдан нӯшокиҳои газнок сабабгори ба хун зудтар ворид гаштани машрубот ва зудтар «маст» шудан мегарданду субҳи рӯзи дигар бо дарди сар зуҳур менамоянд. Аз ин рӯ, табибон на танҳо зарари машруботро ба шумо хотиррасон мекунанд, балки аз оқибатҳои истеъмоли барзиёди он огаҳӣ додан мехоҳанд. Истеъмоли танҳо як намуди машрубот ва он ҳам дар ҳадди меъёр дуруст аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ онро бо дигар намуди нӯшокиҳо омехта насозеду ҳатман баъди бардоштани ҳар як қадаҳ газакро фаромӯш накунед.

Соли навро солим пешвоз гиред.

Таҳияи Нодира

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *