Панҷараҳои гӯристонро кӣ дуздид?

Пеш аз воқеаҳои нангини ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он ман соҳиби кооперативи «Қаротегин» дар ноҳияи Нуробод будам. Як самти фаъолияти коргоҳи мо сохтани дару тиреза ва панҷараҳо буд. Талабот низ ба маҳсулоти мо зиёд буд.

Рӯзе як гурӯҳ сокинони деҳаи Лайрони ҷамоати деҳоти Ҳокимии ноҳияи Нуробод ба наздам омада гуфтанд, ки мо нангу номус карда, аз мардум маблағ ҷамъоварӣ намуда, гирди мазори деҳаамонро панҷара гирифтанием.

“То кай мазори деҳа мисли бесоҳибон мехобад. Охир дар он ҷо падару бобо, аҷдодони гузаштаи мо ба хоби абадӣ рафтаанду чорпоён аз болои гӯрҳо гузашта, онҳоро поймол мекунанд”, -гуфт яке аз онҳо. Ҳамин тавр онҳо бо маслиҳат сесад панҷараи 3 метрӣ фармуданд. Баъди иҷрои фармоиш ман панҷараҳоро ба деҳаи Лайрон бурдам, вале сокинон талаб карданд, ки  “ба хотири арвоҳҳо” борамро арзон кунам”. Ман ҳам аз 30 ҳазор сомонӣ 13 ҳазорашро гузаштам.  Ин маблағро ҳам ба ман надоданд…

Тирамоҳи соли 2019 боз ба деҳаи Лайрон рафтам. Бинам, ки аз 300 панҷараи дар гирди мазор гирифташуда ҳамагӣ 74 — тои он боқӣ мондаасту халос. Мегӯянд, ки панҷараҳои мазорро дуздҳо бурдаанд. Ман ҳайрон шудам. Онҳо мардони ботоату ибодатанд, вале аз Худо натарсида, на маблағамро медиҳанду на панҷараҳоямро. Намедонам бо онҳо чӣ кор кунам. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?

Сатторбек Асоев,

маъюби гурӯҳи 2 — юм

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *