Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Паноҳҷӯи Тоҷикро 20 сол аз озодӣ маҳрум карданд

Паноҳҷӯи 29-солаи тоҷик Ҳизбуллоҳ Шовализода ки моҳи март аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод шуд, ба 20 соли зиндон маҳкум кардаанд. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ мурофиаи номбурда дар боздоштгоҳ гузашт. Мақомоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо далели махфӣ будани парванда ба манба тафсилот надоданд..

Гуфта мешавад, ки Шовализодаи 29-сола қаблан ба мақомоти Австрия барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат карда буд, вале дархосташ рад шуд. Вай пеш аз истирдод ба Тоҷикистон ду моҳро дар боздоштгоҳе дар Вена сипарӣ кард.

Ӯро моҳи март ба Тоҷикистон оварданд. Он замон Додситонии кулли Тоҷикистон Шовализодаро ба узвият дар ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ ва «хиёнат ба давлат» муттаҳам кард. 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.