Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Парлумони Тоҷикистон тайи се рӯз дар Туркия сафари корӣ анҷом медиҳад

Намояндагони парлумони Тоҷикистон тайи се рӯз дар Туркия бо ҳамтоёнашон ва дигар мақомоти баландпояи турк дидору мулоқот хоҳанд кард

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо сафари корӣ ба Туркия рафт.

Ба иттилои манбаъ, сафари мазкур бо даъвати раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп сурат гирифта, он аз 12 то 15 октябр идома меёбад.

Маҳмадтоир Зокирзода

«Ба ҳайат раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода ва Мирзоанвар Ахмедов вориданд», — афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, дар назар аст, ки Маҳмадтоир Зокирзода дар зимни сафар бо ҳамтои туркаш Мустафо Шентоп, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу ва дигар намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар дидору мулоқот кунад.

Хотрасон менамоем, ки қаблан сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл гуфта буд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо як сафари расмӣ бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон меояд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.