Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Парвандаи ҷиноии фирори се маҳбус аз зиндони Хуҷанд

Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба фирори се маҳбус аз муассисаи ислоҳии рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Манбаи наздик ба раванди тафтишот гуфтааст, ин парванда бар пояи моддаи 365-и Кодекси ҷиноии кишвар (фирор аз ҳабс) боз ва аз сӯи додситонии вилояти Суғд таҳқиқ мешавад.

Маҳбусон Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов шоми 17 июн, тақрибан соати 20-45 аз зиндони рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд фирор карданд. Онҳо Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбияти маҳбасро бо корд захмӣ кардаанд, ки дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

Дар натиҷаи задухӯрд бо зиндонбонҳо Мирзозариф Қаюмов кушта ва Ҳабибҷон Юсуфови захмӣ боздошт гардид. Рамзуллохон Дадохонов бо вуҷуди захм бардоштанаш тавонист фирор кунад. Вале баъдан дар натиҷаи амалиёти кормандони мақомоти қудратӣ безарар гардонида шуд.

Ҳоло Ҳабибҷон Юсуфов дар беморхона бистарӣ буда, аз миёни се фирории зиндони Хуҷанд ягона нафарест, ки метавонад ба пурсиши муфаттишон ва, ҳамин тавр, дар додгоҳ посух гӯяд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.