Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Парвозҳо аз самти Тоҷикистон ба Русия барқарор шуд

Аз 25-уми июни соли равон парвози ҳавопаймоҳои “Тоҷик-Эйр”, “Сомон-Эйр” аз Тоҷикистон ба самти шаҳрҳои Русия оғоз меёбад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар асоси дастури Президенти Тоҷикистон марҳила ба марҳила шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои «Тоҷик-Эйр» ва «Сомон-Эйр» ба самти шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги Россия ва аз ин шаҳрҳо ба Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд.

Ҳангоми баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвозҳои чартерӣ ба табақаҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама беморон, занон бо кўдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷўён ва нафарони ҳамроҳ, инчунин шахсоне, ки бинобар сафари хизматӣ дар Россия дармондаанд авлавият дода мешавад.

“Дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия воқеъ дар шаҳри Москва ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, вазифаи онҳо тартиб додани рўйхати шаҳрвандоне мебошад, ки бояд ба Ватан баргардонида шаванд. Пас аз омода гардидани ин рўйхатҳо шаҳрвандон барои харидории чипта хабардор карда мешаванд”,-иттилоъ медиҳад вазорати корҳои хориҷӣ.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.