Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Парвози чартерӣ: Рустами Эмомалӣ аз Ҳиндустон чӣ овард?

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии короновирус ва муолиҷаи гирифторони он аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон парвози чартерӣ ташкил карда, як қатор лавозимоти тиббиро вориди Тоҷикистон кард.

«Маводи зарурии воридшуда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои он ҷиҳати истифода дар муассисаҳои тиббии пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар барои табобати бемориҳои сироятӣ, алалхусус пандемияи конронавирус-COVID-19 ба таври ройгон супорида мешавад»- хабар доданд аз ҳукумати шаҳри Душанбе.
Хатсайри махсус ширкати ватании «Ориёнфарм» аз Ҷумҳурии Ҳиндустон миқдори муайяни маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббии заруриро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кард, ки ҷиҳати таъмини аҳолии кишвар бо маводи зарурӣ дар ин давраи ҳассос ва таъмини саломатии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон бо ҳамин хатсайр як миқдор кӯмаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҳиндустон иборат аз маводи доруворӣ барои муолиҷаи беморони Ковид-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд.
«Тасмим меравад, ки рӯзҳои наздик ташкили боз ҳамин гуна иқдомҳои эҳсонкорӣ такрор меёбад ва бо ин васила дар бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи ҷомеъа саҳмгузорӣ карда мешавад»-хабар медиҳад мақомоти шаҳрдорӣ.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.