Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Парвози мунтазам байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон кай оғоз мегардад?

Тоҷикистон ба таври расмӣ Маскавро дар бораи қарори ҳукумати кишвар дар бораи дубора ба роҳ мондани парвози ҳавоӣ бо Русия огоҳ кардаст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

«Мо ба ҷониби Русия расман аз қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи барқарор намудани парвози ҳавоӣ бо Русия хабар додем», — гуфтанд дар вазорат.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон қайд кард, ки айни замон посухи ҳамкасбони русро интизоранд.

«Ҳангоми тасмим дар бораи кушодани алоқаи ҳавоӣ бо Русия, мо аз он бармеоем, ки ин раванд бо риояи қатъии меъёрҳои санитарӣ ва зидди эпидемия сурат мегирад», — илова карданд вазорат.

Қаблан сарвазири Русия Михаил Мишустин аз 1 август дубора барқарор шудани парвозҳои байналмилалиро тавассути Русия эълон карда буд.

Дар навбати худ муовини сарвазири Русия Татяна Голикова фаҳмонд, ки парвозҳои байналмилалӣ ба Бритониё, Туркия ва Танзания аз 1 август кушода мешаванд.

Мишустин инчунин фармони ҳукуматро дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳо барои вуруд ба шаҳрвандони Туркия ва Танзания ва инчунин барои шаҳрвандони Бритониё имзо кардааст.Аммо тоҳол маълум нест,ки парвози тайёраҳо ба таври мунтазам байни Русия Ва Тоҷикистон аз 1 август оғоз мегардад ё не.

А.А.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.