Парвози охирини “Тоҷик Эйр” ба Маскав

27-уми марти соли равон тавассути ҳавопаймои Ширкати «Тоҷик Эйр» даҳҳо муҳоҷирони боқимондаи Тоҷикистон, ки давоми як ҳафта инҷониб дар фурудгоҳи Маскав қарор доранд, ба Ватан интиқол меёбанд.

Тавре як манбаъ аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба «Pressa.tj» иттилоъ дод, ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб фуруд меояд. Ин парвози махсус буда, танҳо шаҳрвандоне, ки аз 19 то 25 март чипта харидорӣ намудаанд, интиқол дода мешаванд. Инчунин, онҳое, ки шаҳрвандии Русияро доранд, метавонанд тавассути хатсайри “Тоҷик Эйр” ба Маскав парвоз намоянд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, онҳо бояд шоми 19-уми март ба Тоҷикистон парвоз мекарданд, аммо дар пайи қатъи парвозҳо натавонистанд саривақт ба Ватан баргарданд. Ёдрас мешавем, ки ҳавопаймои Ширкати «Тоҷик Эйр» субҳи 26-уми март як гуруҳи мусофиронро аз фурудгоҳи «Домодедово» ба шаҳри Кӯлоб интиқол дод. Беш аз 200 мусофири тоҷик, ки давоми панҷ рӯз дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав дармонда буданд, бо як парвози махсус ба кишвар интиқол дода шуданд.

Аввал муҳоҷирон аз фурудгоҳи «Внуково» ба фурудгоҳи «Домодедово» оварда шуда, сипас аз он ҷо ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд. Гуфта мешавад, 27-уми март парвози охирини Ширкати “Тоҷик Эйр” ба Маскав аст. Зеро ҷониби Русия то 1 -уми майи соли равон тамоми парвозҳоро ба қаламрави худ манъ кардааст. Тасмими парвозҳои минбаъда аз аввали моҳи май муайян мешавад. Муҳоҷироне, ки ба Тоҷикистон оварда мешаванд, давоми ду ҳафта ба карантин гирифта мешаванд. Аз ҷумла муҳоҷироне, ки 26 март интиқол ёфтанд, беш аз сад нафари онҳо дар Беморхонаи «Ҷерқалъа»-и шаҳри Кӯлоб ва боқимонда дар шаҳри Бохтар давраи карантинро паси сар хоҳанд кард. Ҳоло қатъи ногаҳонии парвозҳо ба Тоҷикистон даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро дар фурудгоҳҳои Русия ва Истамбули Туркия сарсон кардааст.

Мақомот мегӯянд, ҳадафи ба карантин фиристодани нафарони аз хориҷа омада пешгирӣ аз хуруҷи вируси нави COVID-19 мебошад. Сохторҳои дахлдори кишвар мегӯянд, то ҳол сирояти корнавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, аз 1 феврал то 25 марти соли равон 5460 нафар, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳо ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин 2002 нафар рухсат ва 3458 нафар, ба шумули 107 хориҷӣ то ҳол таҳти назоратанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *