Парвози “Сомон Эйр” ба Олмон

Ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» субҳи чаҳоршанбеи 8-уми апрел бо мақсади интиқоли шаҳрвандони хориҷӣ аз Душанбе ба Мюнхени Олмон парвоз кард. Дар ин бора “Радиои Озодӣ” хабар медиҳад

Бино ба иттилои манбаъ парвози ҳавопаймои «Сомон Эйр» ба Мюнхени Олмон дар ҳоле сурат мегирад, ки бархе сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Душанбе рӯзҳои гузашта ба шаҳрвандони худ хабар дода буданд, ки ширкати «Сомон Эйр» рӯзи 8-уми апрел ба Аврупо парвози вижа анҷом медиҳад.

Аз ҷумла, Сафорати Бритониё дар Душанбе рӯзи 7-уми апрел бо нашри як иттилоия аз шаҳрвандони ин кишвар хост, ки агар қасди сафар ба Аврупоро доранд, метавонанд билетҳои ҳавопайморо аз дафтари «Сомон Эйр» дар фурудгоҳ дарёфт кунанд. Ин хабар қимати билетҳои ҳавопайморо 400 евро гуфта буд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамчунин гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи парвозҳо ба Истанбул ва Маскав низ дар ҳоли баррасӣ мебошад. ​

Ширкати «Сомон Эйр» қаблан дар як эъломия гуфта буд, ки бо дархости Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон, парвозҳои байналмилалии худро муваққатан қатъ мекунад. Аммо ин ширкат то ба имрӯз чанд парвози вижа ба Русия анҷом дод. Ширкати «Сомон Эйр» аз рӯзи 20-уми март дар қатори дигар ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳама парвозҳои худро қатъ карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *