Парвози тайёраҳо миёни Душанбею Тошканд барқарор мешаванд

Узбекистон  парвозҳо миёни Тошканд ва Душанбе аз нимаи аввали соли 2017 барқарор карданист.

Ба гузориши sputniknews-uz.com, Валерий Тян,раиси ширкати миллии ҳавопаймоии Узбекистон — «Узбекистон ҳаво йулларӣ» гуфтааст, ки ин кишвар омода аст, то парвозҳои худро бо Тоҷикистон, аз нимаи аввали соли оянда оғоз кунад.

Ин хабаргузорӣ, рӯзи 5 ноябр аз қавли раиси ширкати миллии ҳавопаймоии Узбекистон навишт, ки тибқи барномарезиҳои суратгирифта, парвозҳо байни Тошканд ва Душанбе дар ҷадвали тобистонии ширкати миллии ҳавопаймоии Узбекистон — «Узбекистон ҳаво йулларӣ», ҷой дода мешаванд.Ин масъули ширкати миллии ҳавоии Узбекистон ҳамзамон гуфтааст, ки кишвараш имкониятҳои лозимро дорад, то ин парвозҳо аз ин ҳам зудтар роҳандозӣ кунад. Барномаи тобистонии ширкати ҳавопаймоии Узбекистон аз охирҳои моҳи март то октябр амалӣ мешавад. Бинобар ин, аввалин парвоз байни ду кишвар эҳтимолан дар 5 моҳи оянда сурат бигирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *