Пешгирии шомилшавӣ ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ дар Панҷакент

Дирӯз дар шаҳри Панҷакент бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» ҷамъомад баргузор гардид.
Дар он сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадо оид ба ифротгароии ҷавонон, омилҳо ва роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ки ба амнияти давлатҳо хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд, инчунин огоҳ сохтани мардум, бахусус ҷавонон аз оқибатҳои нохуши ин ҳодисаҳои номатлуб сухан гуфт. Ҳамчунин кормандони шуъбаи ВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар атрофи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ суҳбати судманд карданд.
Намояндагони Кумита бо сокинони Ҷамоати деҳоти Саразм вохӯрданд. Зимни вохӯрӣ аз сарнавишти ҷавононе, ки фирефтаи хоҷагони хориҷӣ шуда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шудаву инак бо пушаймонӣ ба Ватан баргаштаанд, филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд.
Дар ин бора сармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент Некруз Кенҷаев хабар додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *