Пешниҳод: Ба Данғара номи Авесто гузошта шавад

Агар муҳаққиқон, Академияи илмҳо, вакилони парлумони Тоҷикистон дастгирӣ кунанд, ба шаҳри Данғара номи Авесто гузошта шавад.

Оиди китоби таърихию  оламшумули “Авесто”ҷои баҳсу  шарҳ ва эзоҳ  нест. Агар муҳаққиқон, Академияи илмҳо, вакилони парлумони Тоҷикистон дастгирӣ кунанд,  ба шаҳри Данғара номи Авесто  гузошта шавад.

Ин дар ҳолест,  дар номгузории кӯча ,маҳала,таълимгоҳ ,ҷамоат ба ифрот –такрори аз ҳад зиёд  роҳ  дода шудааст. Чунончи номҳои  Ваҳдат, Истиқлол аз будаш ҳам зиёд шудааст. Шаҳру ноҳияе нест, ки 2-3  -ин гуна номгузориҳои  кӯча, деҳа , ҷамоат  ё мактаб  надошта  бошад . Кам бошаду  хуб бошад гуфтаанд.

Ба андешаи  банда гузоштани номҳои  Меликов ,Сиёҳмардов, Занбуров, Хокироев, Бурунов, Қорёғдиев, Кучанов, Кулухов, Облоқулов, Зардаков, Сапаев, Салибаева, Нуритдинов  ва ғ.  ба ҷамоатҳо, кӯчаю хиёбонҳо деҳаю мактабҳо низ ба мақсад мувофиқ нест.Ин ба мисли онест, ки баъзе волидон ба меваи умрашон –фарзандон номҳои нозебу ночаспону гӯшхароши Хошок, Гург, Бӯрӣ, Дос, Табар ,Теша, Шулаш, Тош, Шуракмо ,Бедакмо мемонанд.

Ҳамчунин, пешниҳод мекунам, фаъолияти шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон бознигарӣ шавад. Шабакаҳои телевизиони “Тоҷикистон “ , “Сафина “ , “Ҷаҳоннамо” ба далели якранг, такрор ва нусхаи ҳамдигар будан ҳамчун як шабака муттаҳид карда шаванд.

 Дар ин сурат нисбати миллионҳо сомонии  мардуми андозсупоранда, ки муштоқу дар  орзуи барномаҳои  шавқангез, дилпазир, мароқоваранду вале аз он маҳрумад, исрофкорӣ намешавад.

Ба қарибӣ дар вохӯриашон Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон  барои шавқовару пурмазмун ва диданӣ гардидани барномаҳои  шабакаҳои телевизионӣ дастуру супоришҳои мушахас доданд. Аз баӣн қариб 2 моҳ гузашт, аммо дар фаъолияти эҷодии  кормандони  онҳо, барномаҳо  ягон  дигаргунӣ, пешравӣ ба мушоҳида намерасад.

  Нурулло  Ҳасанов,

 н.Муъминобод

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *