Пешвои миллат асосгузори Тоҷикистони мустақил шуд

Бар асоси тарҳи нави қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», Эмомалӣ Раҳмон асосгузори Тоҷикистони мустақил эълон шуд. Эмомалӣ Насриддинзода — вакили Маҷлиси намояндагон —  ҳангоми муаррифии тарҳ гуфт, ки бар асоси ин тағйирот Пешвои миллат аз имтиёзҳои дигар ҳам бархӯрдор гардидааст.

Вай гуфт, бар асоси қонуни нав «ба Пешвои миллат ҷои махсус ва таҷҳизоти махсус ҷудо карда шуда, ордену Фонди ӯ таъсис хоҳад ёфт.» Насриддинзода афзуд, ин тарҳи қонун аз ҷониби чаҳор вакили палатаи поёнии порлумон таҳия шуда, аз сарсухан ва 19 модда иборат аст. Парлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбе тарҳи «Таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати президенти Тоҷикистон»-ро баррасӣ кард. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, гуфт, ки ин қонун дар бораи президенти Тоҷикистон аст, на шахсият.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *