Пешвои миллат нишони Соли ҷавононро тасдиқ кард

 

Пешвои миллат нишони Соли ҷавононро тасдиқ кард

Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз миёни тарҳҳои офаридаи нишонҳои рассомони ҷавон беҳтаринашро интихоб намуда, тасдиқ кард.

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар нишони мазкур доирашакл буда, дар он давраи сабзранг, ки рамзи шукуфоии ҷумҳурӣ ва озодии ҷавононро дорад, тасвир ёфтааст. Дар давра суханони «Соли ҷавонон» ва  «2017» навишта шудааст. Байни нишон кураи Замин ва дар он Тоҷикистону Парчами миллӣ ва Тоҷ, ки рамзҳои ваҳдат ва соҳибистиқлолии давлат мебошанд, ҷой гирифтааст. Дар харитаи Тоҷикистон ба таври рамзӣ се ҷавоне дар фазои рангҳои Парчами миллӣ ба назар мерасанд, ки аз ваҳдату хушбахтӣ ва созандагии насли наврас дарак медиҳанд.

Манбаъ, инчунин, иттилоъ медиҳад, ки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, васоити ахбори омма метаонанд аз нишони   «Соли ҷавонон» бемамониат истифода баранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *