«Коса»-и тоҷик талабгори ҷоизаи «Филмҳои мусалмонӣ»!

 Филми кӯтоҳметражи «Коса»-и коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар ба феҳристи XII –уми шорт- листи Ҷашнвораи байналмиллалии филмҳои Мусалмонии Қазон (МФМК), ки аз 5-ум  то 11- уми сентябр дар ин шаҳри Ҷумҳурии худмухтори Тотористон баргузор мегардад, роҳ ёфт.
Навори 25-дақиқагии ин  режесери тоҷик, ки бояд дар фестивали мазкур ширкат варзад. соли 2015 ба навор гирифта шуда, барои гирифтани шоҳҷоиза бо филмофарои Афғонистон, Баҳрайн, Эрон, Ироқ, Ҳиндустон, Русия ва Сурия рақобат хоҳад намуд.
«Дар қатори талабгорони ҷоизаи фестивали филмҳои исломӣ 60 филм аз 33 давлати ҷаҳон дар шаклҳои : 10 филми пурраи дар шакли бозиҳои техникӣ, дар шакли кутоҳметраи бозиҳои техникӣ, филмҳои документалии пурра, документалии кӯтоҳметра, филмҳои аниматсионӣ, ва мавқуи нави озмунии « Русияи ҷавон» сабқат хоҳанд намуд», хабар медиҳад, дафтари матбуотии МФМК.

Филми кӯтоҳмуддати Мухиддин Музаффар ягона филми муарриифгари Тоҷикистон дар фестивали мазкур хоҳад буд. Мавриди зикр аст, ки соли гузашта дар фестивали «Филмҳои пурра» ва «филмҳои кӯтоҳметража» ду филми коргардонони тоҷик «Муаллим» бо ҷоизаи «Сенарияи беҳтарин», аз рӯйи сенарияи Сафар Ҳақдодов  ва «Гунҷишки сафед» бо ҷоизаи махсуси ҳакамон сарфароз гардида буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *