Пирамардони қотил

Як пирамарди 73-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсояаашро бо бел зада, ба ҳалокат расондааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд,  номбурда, бинобар сабаби хусумат доштан бо ҳамсояаш, марди 67-сола муноқиша намуда,  бо бели дар дасташ буда, ба сари ҳамсояаш як маротиба зада, охиронро захмин намудааст.

Дар натиҷа С.Қ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ  бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Ин дуюмин боздошти пирамардон бо ҷинояти куштор дар ҳафтаҳои ахир мебошад.

18-уми июл як пирамарди 71-сола дар шаҳри Конибодом ҳамсояаашро бо яроқи шикорӣ захмдор кард, сипас бо корд ба ҳалокат расонида буд.

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *