Писари Гулмурод Ҳалимовро дар куҷо боздошт карданд?

 

Як нафар аз Прокуратураи генералӣ  боздошти Беҳрӯз – писари ҳаждаҳсолаи Гулмурод Ҳалимов – сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон ва ҳоло узви гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро шарҳ дод.

Ӯ рӯзи  9 май гуфтааст,ки  Беҳрӯз Гулмуродов на он тавре ки наздиконаш иддао доранд дар хона, балки моҳи апрел дар фурудгоҳи пойтахт дастгир шудааст.

Манбаъ афзуд, “вай дар даст билети самти Маскавро дошт. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ният дошт, ки аз Русия бо роҳҳое ба назди падараш ба Сурия равад. Аз роҳ гардонда шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад.” Ин манбаъ гуфтааст,ки  мақомоти тафтишотӣ мехоҳанд рӯшан кунанд, ки Беҳрӯзи 18-сола чаро қасди ба назди падараш рафтанро кард ва бо кумаки кадом гурӯҳ мехост то онҷо биравад.

Қаблан хешовандони Гулмурод Ҳалимов, полковники фирорӣ гуфта буданд, ки мақомоти интизомӣ Беҳрӯз Гулмуродов, фарзанди калонии ӯро дастгир карданд. Аъзои хонаводаи фармондеҳи собиқи нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилӣ рӯзи 17 апрел гуфта буданд, мақомоти интизомӣ Беҳрӯзро аз манзили зисташон дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб, воқеъ дар 35-километрии Душанбе, боздошт карданд ва сабаби боздоштро ҳам шарҳ надоданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *