Пивоҳои муҳлатгузашта. Эҳтиёт заҳролуд нашавед!

Зимни як санҷиш дар марказҳои фуруши шаҳри Душанбе миқдори зиёди маҳсулоти спиртии “Балтика”, “Сим-сим”, “Золотая бочка”, “Hеineken» аз аз муомилот ва фурӯш боздошта шуд.

Ин санҷишро кормандони Агентии Тоҷикистандарт гузаронида, масъулин мегӯянд, ки маҳсулоти оби ҷави навъи “Балтика”, “Сим-сим”, “Золотая бочка”, “Hеineken» бо сабаби муҳлати истеъмолиашон гузаштан ошкор ва аз муомилот гирифта шудааст.

Мурод Ашӯров, сардори маркази матбуоти Тоҷикстандарт мегӯяд, ки дар давраи нимсолаи равон ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти бесифат дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ба микдори 24665 дал нӯшокиҳои спиртӣ, 28677 дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ ва ғайристандартӣ дониста шудааст. Тибқи тартиби муқарраргардида нисбати соҳибкорони воридкунандаи ин маҳсулот чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.

Нӯшокиҳои  спиртии воридотӣ ба қаламрави Тоҷикистон асосан аз корхонаҳои истеҳсолии Русия, Фаронса, Британияи Кабир, Латвия, Италия, Руминия, Гурҷистон, Португалия, Мексика, Чили,  оби ҷав аз Русия ва Чехия ворид карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *