Пиёдагардони аз ҷон безор

Марги муфоҷои  198 қоидашикани роҳ

Се соат  рейди муштараке, ки ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҳамроҳ бо кормандони Бозрасии давлатии автомобилии РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ҳафтаи гузашта дар шоҳроҳи мошингарди кӯчаи Айнӣ, рӯ ба рӯйи мағозаи «Олами китобҳо», Маркази савдои «Садбарг»-и  пойтахт доир намуд, ба баровардани хулосаи  мазкур водор кард.

Бало аз таги по мехезад

Рафтору кирдори кӯтоҳандешонаи пиёдагардони марду зан, пиру ҷавон, ки ба ҷони худу тақдири ронандагон раво медиданд, иштирокдорони рейд – майори милитсия Раҳимов Абдулаҳад, лейтенанти калони милитсия Муҳаммадҷони Давлатмурод, прапоршикони милитсия Зубайд Раҳматов,  Сафар Шамсиддинов ва дигаронро ба ҳайрат овард. Пиёдагардон магар ҷонбезор шудаанд, ки дидаю дониста худро қариб аст ба таги чархи нақлиёт партофта, балоро аз таги по мехезонанд. Шаҳрвандон Алишер Бегов (аз шаҳри Ваҳдат), Султон Қараев, Хуршед Усмонов, Акмал Сангов, Шаҳло Алиева, Хуршед Қурбонов, Шаҳло Раҳмонова, Ш. Расулова, Хиромон Исмоилова,  омӯзгор Қурбоналӣ Миралиев  (Душанбе), велосипедрон Раҳмонов (Ховалинг), Шӯҳрат Давлатов (донишҷӯи ДМТ), Қамариддин Раҳматов (донишҷӯи ДТТ ба номи М. Осимӣ), Акбар Эргашев (корманди МС «Садбарг») аз байни қаторҳои мошинҳо морвор  мегузаштанд. Яке дар гӯш ғарқи суҳбат бо телефони мобилию дигар ба навоҳои гӯшакҳо дода шуда, одаму оламро фаромӯш карда, мошинҳои равонро намедиданд.

 

-Чӣ ҳақ доред, ки моро аз роҳамон боздоштед? – хархашаю ҷанҷол   мекарданд онҳо ва баҳонаҳои хандаовар меоварданд: «аз дандонканӣ меомадам», «писарам дар беморхона», «хай як гузаштам, ягон бало нашудаст-ку», «суратамро чоп накунед, дар телевизион намоиш надиҳед, ки шавҳарам бинад, талоқам мекунад»…

Ба гӯшаи хаёли ин шаҳрвандон намеомад, ки қоидашикани ҳаракати роҳ гардида, ҳар кадом аз ҷониби кормандони БДА 6 сомонию 35 дирам ҷаримабандӣ мешаванд. Баъзеашон барои ҷаримасупорӣ аз ҷайбашон базӯр пул мебароварданд ё пардохт карданӣ намешуданд. Аммо, даме ки корманди БДА: «набошад ба отдели милитсия мебарем», — гуфта дари мошинро мекушоданд, дарҳол ҷаримапулиро медоданд.

11 000 сомонӣ — ҷаримаи амалиёти “Пиёдагард”

Рейди муштарак дар доираи амалиёти «Пиёдагард»  аз 15 ноябри соли равон шурӯъ гардида, мақсадаш баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо,   пешгирии ҳодисаҳои зер кардани пиёдагардон дар кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе, коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки пиёдагардон мебошад. Амалиёти мазкур бо истифодаи қувваю воситаҳои кормандони шуъбачаҳои ноҳиявӣ ва ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, дар асоси нақшаи алоҳида  гузаронида шуда, дар он кормандони ғайриштатии Бозрасии давлатии автомобилӣ ва намояндагии воситаҳои ахбори омма низ сафарбар гардидаанд.

Чорабинии мазкур дар ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе — кӯчаҳои ба номи Айнӣ, Саъдии Шерозӣ, Алишер Навоӣ, назди мағозаи «Олами китоб», километри 7-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат,  назди «Терминал»-и пойтахт,  назди беморхонаи №14 ва маҳаллаи «Зарнисор», хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Неъмат Қарабоев, назди бозорҳои «Саховат» ва «Деҳқон» гузаронида шуд.

Ҳангоми гузаронидани чорабинии мазкур нисбат ба 1760 пиёдагард барои вайрон намудан ва аз ҷойҳои муқарраршудаи роҳ нагузаштан, тибқи талаботи моддаи 340 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи қоидавайронкунӣ бо истифода аз баргакҳои ҷаримавӣ ба андозаи 6 сомонию 25 дирамӣ ба маблағи умумии 11 000 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Таҳлили вазъи садаманокӣ нишон медиҳад, ки ҳамасола тамоюли зиёдшавии садамаҳои роҳу нақлиётӣ дар кӯчаю роҳҳои автомбилгарди шаҳри Душанбе бо иштироки пиёдагардон мушоҳида гардида, бо иштироки бевоситаи пиёдагардон ва велосипедронон 1466 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. Бар асари онҳо 198 нафар пиёдагард ба ҳалокат расида, 1491 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.  Дар муҳлати сипаригаштаи соли ҷорӣ бошад, 150 садамаи роҳу нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон ва велосипедронон ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 24 нафар  ба ҳалокат расида, 140 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Э. НАЗАРОВ,

“Тоҷикистон”,

Мирзохон САИДОВ, нозири калони шуъбаи ташвиқот

ва таблиғоти БДА-и РВКД ҶТ, майори милитсия

Суратгир Т. Рӯзиев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *