“Плюс” ва “минус”-ҳои Созмони Иқтисодии АвруОсиё»

Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки ниҳоди тобеъаш масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиёро мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор дода дар ҳаҷми 70 саҳифа ба Ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст.

Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки ниҳоди тобеъаш масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиёро мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор дода дар ҳаҷми 70 саҳифа ба Ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст.

Диловар Қодирзода директори  ин марказ рӯзи 26 июл дар нишасти хабарӣ гуфт:  “Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои гуруҳи кории “Масъалаҳои ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмонҳои иқтисодии байналмиллалӣ, аз ҷумла ба Созмони Ҳамкории Иқтисодии АвруОсиё” дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бинобар, ин мутахассисони мо ҳама паҳлӯҳои пайвастани Тоҷикистонро ба ин созмон дар заминаи таҷрибаи Қирғизистону Қазоқистон ва Белоруссияву Озарбойҷон омӯхта, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод кард”.

Қодирзода ҳамчунин, дар мавриди манфиат ва зарарҳои кишвари мо зимни пайвастан ба ин созмун гуфт, ки  плюси пайвастан ба Созмони иқтисодии АвруОсиё муҳоҷирони меҳнатии мо аст, ки теъдодашон хеле зиёд мебошад.

“Зарар дидани буҷаи кишвар минуси ин созмон аст. Ба ҳар ҳол мо пешниҳодоти худро ба Ҳукумат ирсол кардем ва масъалаи пайвастан ва напайвастани Тоҷикистон ба салоҳияти Ҳукумати кишвар аст”-таъкид кард ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *