Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Покиза бимон. Як насиҳати Даврон Ашӯров

Вақте ҷилди аввали Қомуси миллиро варақ задам, мутаассир шудам, зеро муаллифон шахсиятҳои зиёдеро сарфи назар кардаад, аз ҷумла публитсист, файласуф, ношир, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Даврон Ашӯровро…

Ӯ дар ёди ман ҳамчун инсони поквиҷдон, ростгӯ, ҳамдаму меҳрубон, шахси ҳақиқатан бофарҳанг боқӣ мондааст. Мехоҳам ду лавҳаи зиндагии хешро, ки дар он устод Даврони Ашӯр нақши носутурданӣ дорад, рӯйи сафҳа орам. Ман дар ситоиши ӯ чизе берун аз ҳақиқати воқеӣ намегӯям. Он лаҳзаҳо, чӣ тавре  ки ба вуқӯъ пайвастанд, ҳамчун оина дар пеши назар, бе обуранг ба диққати хонандаи азиз пешкаш мешавад.

Сафҳаи аввал: 3 марти соли 1988. Ман – сармуҳаррири бонуфузтарин рӯзномаи Тоҷикистон — «Комсомоли Тоҷикистон» (ман аз «бонуфузтарин рӯзнома» гуфтан шарм намекунам, чаро ки ҳақиқат ҳамин буд), ки як моҳ қабл бо қарори бюрои КМ комсомоли Тоҷикистон бар иллати айбҳои набуда аз вазифа барканор шуда будам, маро ба бюрои Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, агар дағал карда гӯем, бо ресмон баста оварданд. Касе аз зимомдорони давру замон на огоҳ карда буду на ба гузориши комиссияи «бонуфузи» ҳизбӣ шинос. Ана, ҳамин бюро тақдири маро ҳал кард, маро аз вазифа барои фалон, фалон, фалон… камбудиҳо барканор намуд.

Агар дар ҳамин бюро Даврони Ашӯр намешуд, маро аз билети партиявӣ маҳрум мекарданд…

Ҷонишини мудири шуъбаи ташвиқу тарғиби КМ Н. Кузмин маро аз ҷойи кор, бо телефон пайдо карда, бе саломуалейк «Ба назди ман биё» гуфт. Омадам. Маро дидан замон, писханд зад: «Ҳа, омадӣ?» «Ҳа, омадам. Тинҷӣ ҳаст?» — гуфта пурсидам. Вай беибо, аз оринҷам гирифту «Рафтем» гуфт. «Ба куҷо?». «Ҳоло ҳамаашро мефаҳмӣ».

Ҳамин тавр, ман бори нахуст вориди зали бадвоҳима шудам. Ишора шуд, ки дар кунҷаке нишинам. Ман то ҳамон рӯз, то он лаҳза Даврони Ашӯрро шахсан намешинохтам, вале дар борааш бисёр шунида будам.

Ҳини ворид шудан марди қадбаланди чеҳракушода, ки мӯйҳои қатронӣ ва чеҳраи сап-сафедаш дурахши махсус доштанд, сӯям нигоҳи меҳрбор афканд, даст ба китфам бурда, «Мард бош!» гуфт.

Вақте раиси комиссия – раиси ҳамонвақтаи Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ғоиб Назарович Қаландаров «гузориши пурмуҳтаво»-и худро оиди фаъолияти сарвари рӯзномаи ҷавонон қироат намуд, бисёриҳо ҷониби ман, ки дар кунҷе, аниқаш дар курсии «айбдоршаванда» моту мабҳут менишастам, бо кароҳат менигаристанд, сар ҷунбонда, байни худ ким-чиҳо радду бадал мекарданд, гӯё хомохом хӯрданӣ буданд маро.

Баъди фосилае маро ба минбар хонданд. «Туро мешунавем» гуфт садри ҷаласа. «Ман чизи мегуфтанӣ надорам. Ҳамаашро раиси комиссия гуфт» гуфтам. Калон ҳайрон шуд. «Чӣ хел? О, ту бояд ба ҳимояи худат ягон чиз гӯй» «Чаро худамро сафед мекардаам, модоме ки ягон нуктаи айбномаро қабул надорам. Ин як, дуюм ин ки масъала аллакай ҳал шудааст. Барои ҳамин ман вақти қимати шуморо гирифтанӣ нестам», гуфтаму рафта ба ҷоям нишастам.

Говсуд сар шуд. Ғ. Паллаев, Ҳ. Гадоев, А. Дадабоев, боз намедонам, чанд каси дигар пайи ҳам сухан гуфта, тӯтивор фақат як таклиф пешниҳод мекарданд: «Аз сафи партия ронда шавад…»

Ниҳоят, мудири шуъбаи тарғиботу ташвиқоти КМ Даврони Ашӯр сухан гирифт. Вай ором, ботамкин сухан мекард. «Ба тақдири инсоне, ки қариб 11 сол ба рӯзнома сарварӣ карда, имрӯз онро ба баобрӯтарин ҷарида табдил додааст, ин хел бозӣ карданро ман намеписандам. Моро мардум, алалхусус, ҷавонон, намебахшанд. Ҷасорате, ки рӯзномаи комсомол бо сарварии ин кас нишон медиҳад, бояд ба дигар рӯзномаҳо, алалхусус рӯзномаҳои ҳизбӣ сабақ шавад. Ҷое, ки кор ҳаст, албатта, камбудӣ мешавад. Ва он камбудиҳое, ки ин ҷо зикр шуд, ҳамааш ислоҳшавандаанд. Ман, шумо, аъзои бюроро, ҳангоми баҳо додан ба фаъолияти кориву ҷамъиятии Ато Ҳамдам ба инсоф даъват менамоям. Шахсан ман пешниҳоди шуморо ҳаргиз қабул намекунам».

Ҳайрон шудам. Боварам намеомад. Дар байни он зумра шахсе ёфт шуд, ки натарсида ба муқобили мавҷи дарё рафт, зидди онҳо гап зад. Рафтори Даврони Ашӯр дили маро боз ба зиндагӣ гарм намуд, ҳарчанд суханҳои аз умқи қалб баромадаи ӯ чизеро ҳал накарданд. Маро аз кор барканор намуданд, масъалаи ҳизбиямро ба ихтиёри ҷаласаи ташкилоти ибтидоии партиявии рӯзнома ҳавола карданд. Ин ҳам як бозии навбатии дастандаркорони замон буд. Худи Даврони Ашӯр баъди он баромад дар кори минбаъдааш халалҳо дид. Чизе ки бошад, ман ба ҷасорати ӯ қоил шудам ва муҳаббатам нисбати ӯ дучанд зиёд гашт.

Сафҳаи дувум. Баъди ду сол тақдир моро боз ба ҳам овард. Ҳар ду аз ҷониби мардуми Ҳисору Айнӣ ба ҳайси вакил ба Шӯрои Олии кишвар пазируфта шудем. Дар ин ҷо низ он бозиҳои бемаънии сиёсӣ нисбати онҳое, ки аз байни 8-10 нафар номзад ҳаққонӣ вакили мардумї шуда буданд, оғоз ёфт. Зимомдорони вақт аз мо ҳарос доштанд, мехостанд, ба ҳар навъе ки бошад, моро дуртар афкананд, «аз бало ҳазар» мегуфтанд. Ҳамин буд, ки бо пешниҳоди раиси Шӯрои Олӣ маро дар ҷаласа 12 апрели соли 1990 бо қарори №1 ба узвияти комиссияи мандатӣ интихоб карданд. Бозор Собир ҳам шомили ҳамон комиссия шуд. Кори ин комиссия аз чӣ иборат буд, ҳама хуб медонист.

Дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ Даврони Ашӯр ба ҳайси раиси комиссия оид ба масъалаҳои инкишофи фарҳанг, забон, анъанаҳои миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ интихоб гардид. Раиси Шӯрои Олӣ рӯйхати аъзои комиссияро ба муҳокимаи вакилон пешниҳод намуд. Дар ин рӯйхат асосан онҳое буданд, ки дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кор мекарданд, фақат намояндагони илму фарҳанг набуданду халос.

Ҷаласаи якуми Совети Олӣ, пагоҳии 12 апрели соли 1990 шурӯъ шуд.

Вақте ки рӯйхати аъзои Комиссияи мандатиро қироат карданду ба муҳокима пешниҳод намуданд, Даврони Ашӯр сухан гирифта чунин гуфт: «Таклиф мекунам, ки депутат Хоҷаев Ато Ҳамдамович аз ҳайати Комиссияи мандатӣ ба ҳайати Комиссияи Совети Олии РСС Тоҷикистон оид ба масъалаҳои инкишофи маданият, забон, анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи мероси таърихӣ дохил карда шавад. Зеро Хоҷаев А.Ҳ. нависанда аст. Ӯ масъалаҳои забон, анъанаҳои миллӣ, ҳифзи мероси миллӣ ва ғайраро хуб мефаҳмад ва фоидаи зиёд расонда метавонад».

Мутаассифона, бо истодагарии раиси маҷлис ин таклиф ҳамон замон рад карда шуд.

Даврони Ашӯр сухан мегирад: «Рафиқон депутатҳо, бисёр узр мепурсам. Вақте ки Комиссияи мандатиро интихоб кардем, таклиф намудам, ки рафиқ Ато Ҳамдам аз комиссияи мандатӣ бароварда, ба комиссияи мазкур дохил карда шавад.

Гуфтанд, ки яке ба дигаре халал намерасонад. Агар халал нарасонад, хоҳиш мекунам, ки рафиқ Ато Ҳамдам ба ҳамин комиссия дохил карда шавад…»

Раис. Биёед, ҳозир ҳайати комиссияҳоро, ки гурӯҳи корӣ пеш аз сессия тартиб дода буд, тасдиқ кунем. Онҳо корро сар кунанд. Агар лозим шавад, дар сессияи оянда мумкин аст тағйирот дарорем…

Ҳамин тавр, таклифи Даврони Ашӯр ин дафъа ҳам нагузашт. Вақте ки ӯ ҳамчун раиси комиссия интихоб шуд, боз сухан гирифта чунин гуфт: «Бисёр мехостам, ки депутатҳо маро тарафдорӣ кунанд. Қаҳҳор Маҳкамович, ман аз шумо хоҳиш карда будам. Зеро дар ҳайати ин комиссия ман шахсеро намебинам, ки аз кори худаш монда ба кори мо машғул шавад. Агар аз ҳайати ин комиссия шахсони дигарро баровардан лозим бошад, ман метавонам таклифи худро гӯям. Таклиф мекунам, ки Абдураззоқов А. – директори заводи таҷҳизоди металлии ғайристандарти райони Ҳисор аз ҳайати комиссия бароварда, ба ҷойи вай аз Ҳисор Ато Ҳамдам ба ҳайати комиссия дохил карда шавад. Бори дигар хоҳиш мекунам, ки тарафдорӣ кунед. Дар ин комиссия кор зиёд аст».

Раис. Рафиқон депутатҳо, биёед, чунон ки гуфтем, ҳоло комиссияҳоро ҳамин хел монем. Даврон Ашӯрович, сессияи навбатӣ наздик аст, ҳамин таклифатонро дар он ҷо гузоред-чӣ?

Ашӯров Д. Хоҳиш мекунам. Бори дигар иҷозат диҳед, ки ба депутатҳо муроҷиат кунам. Рафиқон, дар шакли аввал, ки ба ман доданд, дар ҳайати ҳамин комиссия рафиқон Ҳ. Саидмуродов, М. Назаршоев ва намояндаи санъат Ҷ. Муродов буданд ва ҳозир онҳо нестанд. Агар онҳо дар ҳайати комиссия мемонданд, чизе намегуфтам. Онҳо рафтанд. Инсоф диҳед, дар ин комиссия бо кӣ кор кунем?! Рафиқон, маро дуруст фаҳметон. Корро сар кардан лозим. Худатон ҳар рӯз мебинед, мардум талаб карда истодааст, ки Қонуни забон амалӣ шавад. Он дарҳам-барҳамие, ки имрӯз дар матбуот пайдо шудааст, аз он сабаб аст, ки ҳеҷ кас кор намекунад. Хоҳиш мекунам, таклифи маро ба инобат гиред ва имкон диҳед, ки ҳар чӣ зудтар корро сар кунем.

Раис: Азбаски раиси комиссия ду бор хоҳиш карданд, ман як таклиф дорам. Номзадии Абдураззоқов бо номзадии Ато Ҳамдам иваз карда шавад. Шумо розӣ? Ҳа! Дигар таклиф нест?! Не! Бо ҳамин дигаргунӣ ҳайати комиссияро тасдиқ кардан мумкин аст? Ҳа!»

Ана, ҳамин тавр, маҳз бо истодагарӣ ва пофишориҳои Даврони Ашӯр рӯзи дуюми ҷаласаи Совети Олӣ – яъне 13 апрели соли 1990 бо қарори Совети Олӣ таҳти рақами 30 ман ба узвияти комиссия пазируфта шудам. Кам рух додааст, ки дар давоми ду рӯз бо қарори Совети Олӣ аз як мансаб ба мансаби дигар гузарӣ.

Дар ҷаласаи нахустини комиссия боз бо пешниҳоди Даврони Ашӯр ман ба сифати муовини раиси комиссия интихоб шудам. Ва мо расман ба фаъолияти амалӣ шурӯъ намудем. Ногуфта намонад, ки комиссияи мо таҳти сарварии Даврони Ашӯр босамар фаъолият кард. Дар тӯли ду солу ду моҳи фаъолият дар ин комиссия бисёр корҳои судманд ва ба назар намоён, қарору қонунҳои ҷиддӣ ба тасвиб расиданд, ба бисёр манотиқи кишвар сафарҳо доштем. Ҷаласаҳои сайёр доир менамудем. Имрӯз ман аз он ифтихор дорам, дар комиссияи мо, ки баъдтар комитет ном гирифт, Президенти имрӯзаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон, муовинони раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдумаҷид Достиев, Гулафзо Савриддинова ва дигарон фаъолият доштанд.

Моҳи феврали соли 1992 ман бо фармони Президенти вақт Раҳмон Набиев вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудам. Гумон мекунам, ки дар ин кор низ Даврони Ашӯр ҳисса дорад. Мактаби маҳорати касбии ӯ ба ман бисёр чизҳоро дод, ки дар роҳи зиндагӣ раҳнамои фаъолиятам гаштанд.

Вақти ба ҷойи кори нав  — Вазорати фарҳанг гусел кардан Даврони Ашӯр чунин гуфт:

— Мулло Ато, ман самимона шод ҳастам, ки чунин боварии бузург туро – фарзанди деҳқони одии тоҷикро насиб гашт. Фаромӯш накун, ки ту аввалин вазири фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастӣ. Дар тӯли ду сол туро хуб омӯхтам. Покиза ҳастӣ, покиза бимон!

Ин суханҳоро одаме мегуфт, ки зиндагиномаи ману ӯ тавъам наздик буданд. Нағз дар хотир дорам, вай барои дастгирии нашри романи пурсӯзу гудози Ҷумъа Одина «Гардиши айём» шаттаи сахт хӯрда, ҷазои ҳизбӣ гирифта буд, вале ҳеҷ гоҳ аз роҳаш нагашт, пеши касе сар хам накард.

Ваъда додам, ки сазовори боварӣ кору зиндагӣ мекунам.

Қариб се сол ба ҳайси вазири фарҳанг кор кардам. Нуҳ сол мушовири калони Президент будам. Бо супориши Президенти кишвар ба калонтарин нашриёти ҷумҳурӣ — «Адиб» панҷ сол сарварӣ намудам. Дар куҷое, ки будам, дар кадом мансабе, ки кор кардам, «покиза бимон» гуфтани Даврони Ашӯр аз хотирам фаромӯш намешавад, шиори зиндагӣ кардаам ин суханҳоро.

Чӣ илоҷ, ки мо ҳама – бандагони Худо пеши аҷал оҷизу нотавон ҳастем. Миқрози аҷал риштаи умри дӯсту бародари мо Даврони Ашӯрро бемаҳал бурид. Ва агар имрӯз дар қайди ҳаёт мешуд, ба баҳори ҳаштоди умр мерасид. Афсӯс, ки ба имрӯз нарасид. Вале ӯ ҳамеша дар дилу дар дида, дар хотираву андешаҳои мост. Вай барои мо шамъ буд, шамъи фурӯзон. Ва бигузор шамъи дар дили дӯстон афрӯхтаи ӯ ҳамеша фурӯзон бошад!

Ато ҲАМДАМ,

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.