Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Полковники хоин вазири ДИИШ набудааст

Ёсин ал-Муадидӣ, афсари пешини неруҳои марзбонии Ироқ вазири ҷанги гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ таъйин шудааст.

Ин хабарро “РИА Новости” бо такя ба пойгоҳи хабарии “Ал-Мада” нашр кардааст. Ба иттилои манбаъ, вазири нави ҷанги ДИИШ рутбаи генерал дошта, ҳанӯз аз оғози ташкили ин гуруҳи террористӣ ба он пайвастааст. Таъйини Ал-Муадидӣ, ки лақаби Абу Тахаро дорад, зимни як ҷаласаи сарони ДИИШ дар вилояти Анбар сурат гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан аз таъйини Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон ба ин симмат хабар расида буд. Пойгоҳи телевизионии alsumaria.tv-и Ироқ аввалҳои моҳи сентябр иттилоъ дод, ки Ҳалимов ба ҷойи Абу Умари Шешонӣ (чеченистонӣ), ки 13 июл кушта шуд, вазири ҷанги ДИИШ шудааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.