Полковники милитсия: Дар пиронсолӣ хор шудам! (видео)

«Қаблан русҳо дар Хонаи пиронсолон зиёд буданд. Ҳоло  бошад, тоҷикон. Барои мисол, дар маркази мо ҳамагӣ як нафар рус аст, дигар ҳамаамон тоҷикем. Дунё чунин бемеҳр шудааст”,- мегӯяд бо андӯҳ Носиров Саидаҳмад, полковники мустаъфӣ, ки аз бесаробонӣ ба Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе омадааст ва эҳтимол ба Хонаи пиронсолон интиқол меёбад.

Маркази муваққатӣ

Чанд рӯз қабл бо мақсади сабти видеогузориш барои сомонаи “pressa.tj” ба “Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе” рафтем. Роҳбарияти марказ бо сабаби надоштани иҷозатнома аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нахуст иҷозаи сабт надоданд.

Ман хоҳиш кардам, то мунтазир шаванд, ки аз шаҳрдорӣ иҷозат бигирем ва ба сардабирамон телефон кардам.

То омадани посух дар бораи ин марказ пурсон шудам.

Маълум шуд, ки Маркази минтақавии  ҳизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбони шаҳри Душанбе маркази муваққатӣ буда, дар сурати пайдо нашудани фарзандону пайвандони бошандагон онҳоро ба хонаҳои пиронсолону маъюбон интиқол медодаанд.

Баъди чанд дақиқа телефони директори марказ Муҳаббат Зарипова занг зад. Маълум шуд, ки аз мақомоти шаҳр иҷоза доданд.

-Пурсидан хуб аст, бачаҳо, акнун метавонед коратонро иҷро кунед, — бо табассум яке аз кормандонашро ба мо вобаста кард роҳбари марказ. 

 Полковник ва шоир Носирӣ

Роҳбалад марди бисёр хушмуомилаву хушгуфтор моро ҷониби хобгоҳе, ки дар он ҷо пиронсолону маъюбони бекасу кӯй зиндагӣ мекарданд, роҳнамоӣ кард. Чун аз дари даромадгоҳ ворид гаштем, бо мӯйсафеди қоматбаланди нуронӣ, ки дар як даст асо ва дар як даст офтоба дошту аз ҳаммом берун мешуд, вохӯрдем.

Роҳбалад бо эҳтиром ба пирамард салом дод ва ҷониби мо ишора карда гуфт:

-Инҳо рӯзноманигорон, ба аёдати шумо омадаанд.

Мӯйсафед андаке ба ману ҳамкорам нигариста ба сухан даромад:

-Рӯзноманигорӣ ҳам мисли кори ҳарбӣ аст, ҳамеша барои мардум кор мекунӣ, вале касби хуб аст, агар ҳақиқатро сарфи назар накунӣ. Хайр ман намозамро хонам, пасон суҳбат мекунем.

Чунин тарзи суханронии пирамард дар ҳайратам гузошт, оҳиста аз масъули марказ дар бораи мӯйсафед суол кардам.

-Номаш Носиров Саидаҳмад, инсони одӣ нест, бисёр донишманду заковатман аст. Собиқ одами ҳарбӣ, корманди Вазорати корҳои дохилӣ ва рутбаи ҳарбиаш полковник аст.  Бо тахаллуси Носирӣ шеър мегӯяд. Китоб ҳам дорад, вале аз дасти фарзандони падарбезору беандеша дари маркази моро кӯфт ва мо ҳам хуб қабулаш кардем. Зану фарзандонаш ӯро аз хона бо сабабҳои ба мо номаълум рондаанд…

Баъди каме пурсуҷӯ ба мо маълум шуд, ки Саидҳмад Носиров дар даврони ҷавонӣ оилаи аввалашро бо фарзандон раҳо карда, дуюмбора оиладор мешавад. Фарзандон азияти зиёд кашида ба воя мерасанд, бинобар ин ба падарашон меҳр надоранд. Оилаи дуввумаш бошад ин мардро дар замони пирӣ танҳо мегузорад…

Танҳоӣ…

Вақте Саидаҳмад Носиров намозашонро хонда баромаданд, ҳаво аллакай торик мешуд. Эшон чун чароғи дурбин (камера)-ро диданд, суҳбат карданро рад намуданд. Вале исрор кардани моро ба назар гирифта, барои суҳбат розӣ шуданд. 

-Сабаби муроҷиататон ба ин марказ чист?

-Танҳоӣ!

-Магар зану фарзанд надоред?

-Зан доштам…

-Фарзанд чӣ?

-Фарзандам дорам як духтару се писар

-Намехоҳед, ки бо фарзандон бошед?

-Мехоҳам, вале имкон надорам, онҳо маро намехоҳанд.

Гиря, пирмардро гулӯгир кард ва ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуданд.

-Дар бори худатон каме ҳарф занед. Дар гузашта машғули чӣ кор будед?

-Корманди мақомоти қудратӣ будам. Аз рӯи виҷдону имонам кор мекардам, умрамро аз давидану дастгир кардани ҷинояткорону бадхоҳон гузаронидаам ва шояд ягона кормади мустаъфии ниҳоди қудратӣ бошам, ки дар Хонаи бепарасторон зиндагӣ мекунам, аз ин ҳаёт сахт дилшикастаам.

-Шароити зистатон дар ин марказ чӣ гуна аст?

-Бисёр хуб аст шукр, ки аз ғамхории Ҳукумат бенасиб нестем. 1000 сомонӣ нафақа мегирам, ҳеҷ шикояте надорам, шикоятам танҳо аз ҳаёту зиндагӣ ва зану фарзанд аст, ки дар айёми пирӣ хорам карданд.

Баъди ҳар як посух ашк дар чашмони ҳамсуҳбатамон ҳалқа мезад. Гоҳо ӯ паст-паст гиря мекард.

-Хонаву дар доред?

-Бале, айни замон бесоҳиб аст. Зани дувумам гоҳо хабар мегирифтааст…

-Фарзандонатон бо шумо алоқа доранд?

-Бале, дирӯз якеашон маро хабар гирифта буд.

Видоъ

Дидам, ки суҳбат барои мӯйсафед хеле душвор аст. Ӯ намехоҳад, сафҳаҳои сангини китоби сарнавишташро варақгардон кунад… Ҳамин лаҳза кормандони марказ бошандагонро ба хӯроки шом даъват карданд. Мо ҳам суҳбатро қатъ карда, рафтанӣ шудем. Нигоҳ кардам, ки  полковник на ҷониби ошхона, балки ҷониби утоқи хобаш равона шуд. Аз корманде, ки моро ҳамроҳӣ мекард, сабаб пурсидам.

-Амаки Саидаҳмад бисёр камгап ҳастанд ва аксар вақт мехоҳад танҳо бошанд. Ба ҳамин хотир баъзан вақт хӯрокашонро дар утоқи худашон мехӯранд.

Баъди ба охир расонидани сабт барои хайрухуш дари утоқи хоби Саидҳмад Носировро кушодам. Эшон машғули хӯрокхӯрӣ буданд. Моро дидан замон наздашон хонд,  аз зарфи меваи дар пешашон буда се дона себро гирифта дароз карданд.

Меваҳоро гирифта баромаданӣ шудам, ки дубора садои пирамард баланд шуд: 

-Хайр, роҳатон сафед! Ҳақиқатро аз ёд набароред! Ва падару модаратонро хор накунед, балки хизматашонро ба ҷо оред.

Яҳё Маҳмаднабиев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *