Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Поммершайм: Мавқеи ИМА дар моҷарои марзӣ аниқ аст

Сафири нави ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дар аввалин нишасти матбуотиаш бо журналистон дар Душанбе гуфт, ки таҳаввулот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро пайгирӣ мекунад.


Сафири нави ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дар аввалин нишасти матбуотиаш бо журналистон дар Душанбе гуфт, ки таҳаввулот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро пайгирӣ мекунад.

18 март дар мулоқот бо хабарнигорони тоҷик Поммершайм гуфт, ки  ​“Мо гузоришҳои хабарӣ дар бораи вазъ дар миёни Тоҷикистону Қирғизистонро пайгирӣ мекунем. Ман шунидам, ки президент Раҳмон бо раиси ҷумҳурии Қирғизистон сӯҳбате дошт, талошҳо ба харҷ дода шудаанд. Хабарҳое дар робита бо ҳал шудани вазъ нашр мешаванд. Як комиссиюн ҳам ташкил шудааст, то ки ҳаводиси дар марз рухдодаро дақиқ муайян кунад.Мавқеи ИМА хеле рӯшан аст. Мо ҷонибдори равобити хеле қавӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳастем. Мо талошҳои ду ҳукумат барои ба танзим даровардан ва паст кардани танишҳоро пуштибонӣ мекунем. Мо мебинем, ки ҳарду кишвар дар ин самт кор мекунанд. Умедворем, ки ин талошҳо муваффақиятомез мешаванд”.Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки рӯзи душанбе дар ҷамоати Ворух музокироти панҷрӯзаи мақомоти баландпояи Тоҷикистону Қирғизистон дар робита бо ихтилоф дар марз ба анҷом расид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вазъи амниятиро патрулҳои муштараки ду кишвар назорат карда, аз вуқӯи ҳама гуна ҳодисаҳои марзӣ ҷилавгирӣ мекунанд. Рӯзи 13 март дар маҳалли бунёди қитъаи роҳе дар байни марзи ду кишвар моҷаро бархост ва дар давоми ду рӯзи ихтилофи сокинони Тоҷикистону Қирғизистон 2 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ба беш аз 20 нафар, аз ҷумла се шаҳрванди Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.