Пораситонӣ аз … партовкашонҳо

Порагирӣ аз тамоми кормандони соҳаро шунида ва дида будем, аммо барои аввалин бор шоҳиди ситондани пора аз партовкашон шудем.  

Абдушукур Азимов, ҷавони 23 сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки  ду сол боз бо шӯъбаи ободонии ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шартномаи меҳнатӣ дорад. Мувофиқи шартнома ин ҷавон  ва  3 ҳамкори дигараш ҳар моҳ ба шӯъбаи мазкур 1000 сомонӣ пардохт мекунанд. Ин ҳам танҳо барои иҷозаи партовҷамъкунӣ аз ҳамин ҷамоат аст. На чизу кори дигаре, ки даромади муфт ва  маблағи зиёд дошта бошад.

Аммо ҳар моҳ 1000 не 2000 сомонӣ талаб кардан ва расид надодани муовини шӯъбаи ободонии ҷамоати деҳоти  Унҷӣ-Раҳимов косаи сабри ҷавонони партовчинро лабрез кард:

-Раҳимов ҳар моҳ аз мо 2 ҳазор сомонӣ пул мегирад ва мегӯяд, ки агар ҳамин миқдор пулро надиҳед ба ҷои шумо касони дигарро меорам. Агар пули таъинкардаашро надиҳем моро меронад ва аз ҳамин кори партовкашонӣ ҳам мемонем. Мо ки донишу савод ва пуштибону боигарӣ надорем ягона коргоҳу манбаи рӯзгузарониямон ҳамин партовгоҳҳо аст, ки рӯз то шаб ба чидани қуттиҳои пластикӣ, селофан ва дигар намуди оҳанҳо машғулем. Баъзе моҳ тамоми фоидаи ночизи якмоҳаи мо чор нафар ба дасти Раҳимов мерасад, ки ба мо танҳо меҳнати сангину чиркинияш мемонад-гуфт Абдушукур Азимов.

Онҳо  азбаски саводи навиштани шикоят ба ягон мақомоти дахлдорро надоштанд, ин бесаводӣ “як тиру ду нишон” ба Раҳимов шуд. Ҳам пул меояду рост ба ҷайбаш медарояд, ҳам дилпур аст, ки касе ба ҷое шикоят намекунад. Аммо чуноне ки мегӯянд : Бори каҷ ба манзил намерасад.

27 сентябр вақте ба ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтем раиси ҷамоат Сайёрахон Акпархоҷаева изҳори бехабарӣ аз ин масъаларо кард

Шикояти ин ҷавонҳо аз гӯш ба гӯш то мо расид ва даст задем ба таҳлили масъала.

Ӯ гуфт: “Ман то ин дам ин проблемаро  нашунида будам, вале  акнун аз пайи таҳқиқи масъала  мешавам.Шахсан худам ба мақомоти  Прокуратура ин масъаларо маълум мекунам ва барои ҳақиқат рӯи об баромаданаш аз рӯи салоҳияти кориям ҳар коре аз дастам ояд мекунам. Бигзор ҳар нафаре, ки даст ба ҷиноят зад, хатокор аст  дар пеши қонун ҷавоб гӯяд”.

Роҳбари бехабар

Латиф Абдулҳакимов, роҳбари шӯъбаи ободонии ҷамоати деҳоти  Унҷӣ , ки Назир Раҳимов  муовинаш мешавад, гуфт: “Роҳбар бошам  ҳам хабар надорам. Ду рӯз боз масъалаи гӯё  тамаъҷуӣ кардани кормандамро шунидам аз забони дигарон. Аммо ду рӯз боз занг мезанам телефонаш хомӯш. Ин ҳам дар  ҳолест, ки мо рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа рафтем ва ба қавле “айни гармии кор” аст, дарро қулфу телефонҳои хомӯш карда, бедарак  шудааст”.

Агар Назир Раҳимов  бегуноҳ аст, чаро гурезогурез мекунад? Чаро дар ҷои кораш несту телефонашро хомӯш карда,  бедарак мегардад. Кори ҷамоату кори давлат магар бозича аст, ки ин гуна хунукназарӣ мекунад?

Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, ки беш аз 45 ҳазор аҳолӣ дорад, магар ба шӯъбаи ободонӣ корафтодагон каманд дар ин ҷо?  Вақте ду хабарнигор аз ду расона рафта ду рӯз ҳамагӣ як масъулро мекобему намеёбем, пас вой ба ҳоли мардуми ин маҳал, ки ба Раҳимов корашон афтодааст.

Баъди “ба пӯстинаш кайк даромадан” Раҳимов ба назди партовкашонҳо, аз ҷумла Абдушукур Азимов рафта   гуфтааст: “Пула дода  коратонро кардан гиред- де! Шикоятбозӣ даркор не. Ман худам масъаларо ҳал мекунам, пулатонро  ёфта медиҳам”.

Анвар Дӯстмуҳаммадӣ, раиси ҷамоати деҳоти Исфисор оид ба  вазъи  зиндагии  ин ҷавонон  гуфт, ки ин ду ҷавонро  хуб  мешиносад.

Ба гуфтаи вайи, оилаи   Шариф Арабов   ва    Тилло  Набиева аз соли 1995 то ҳол  якҷо  зиндагӣ дошта, соҳиби  се  фарзанд  ҳастанд. Онҳо   хеле  камбизот ва  ҳатто  шароити  дар таваллудхона ба  дунë  овардани  кӯдаконконашонро  надоштаанд.

 Акнун  аз  пайи  соҳиби  шаҳодатномаи таваллуд  кардани се  фарзанди ин  оила  ҳастанд. Сабаби то ҳол  шаҳодатномаи таваллуд  надоштани фарзандони онҳо шаҳрванди  Қирғизистон будани модарашон Тилло  аст.

Раиси ҷамоати деҳоти Исфисор гуфт, ки ба  мақомоти қирғиз  бо  мактуб  муроҷиат  кардааст, умед аст,  масъала  ҳал  мешавад.

Ин  оила  ҳалолкору  ҳалолхур буда,  бо  вуҷуди аз ҳад камбизоат будан  то ҳол  ягон  амали ноҷо ë  дуздию  дигар  ҷиноятро  содир  накардаанд. Аз  ҳамин  гуна  ҷавонон  ришва  гирифтан камоли  беинсофист.

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *