Президент аз сифати таҳсил ва сатҳи донишу маҳорати тахассусии донишҷӯён гуфт

Дар Рӯзи дониш Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Душанбе 2 бинои нави таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро мавриди истифода қарор дод.

Ҳар ду бино, ки яке 5 ва дигаре 3 ошёна мебошад, аз ҳисоби маблағҳои худи муассисаи олии таълимӣ бунёд шудааст. Тибқи иттилои мавҷуда корҳои сохтмонӣ дар биноҳои нави таълимӣ ҳануз моҳи декабри соли 2020 оғоз гардида буд ва дар кутоҳтарин муҳлат ба анҷом расид.

Манбаъ таъкид доштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи сифати таҳсил ва сатҳи донишу маҳорати тахассусии донишҷӯён ҷалб намуда, барои андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт ба омӯзгорон дастуру маслиҳатҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонии боз як бинои дигари таълимии иловагӣ ва маркази бо ҷойи кор таъминкунӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз 8 ошёна иборат хоҳад буд, оғоз бахшида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *