Президент ба Роғун рафт

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва суҳбат бо бинокорони Неругоҳи барқи обии Роғун ба мавзеи бунёди ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ ташриф овард.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар майдончаи назоратии рақами як рафти корҳои барқарорсозиро мушоҳида намуд. Тавре аён гардид, корҳо дар ҳама қитъаҳои ин мавзеъ бомаром ва низоми хуб ба роҳ монда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла бунёди сарбанд ё худ дарғоти неругоҳи барқи обии Роғун дар қитъаҳои алоҳида захиракунии маводи табиии сохтмонӣ, аз қабили регу шағал, сангҳои калонҳаҷм ва дигар масолеҳ бо суръати баланд ҷараён дорад.

Таъкид гардид, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ҳама қитъаҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии неругоҳ 2077 адад мошину механизм истифода мешаванд.

Зимни боздид аз мавзеи бунёди садди неругоҳ дар дарёи Вахш иттилоъ дода шуд, ки барои бастани маҷрои об 75 миллион куб маводи хокию сангӣ истифода хоҳад шуд. Дар навбати аввал 179 ҳазор куб масолеҳи сохтмонии хокию сангӣ зарур мешавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисоне, ки лоиҳаи бунёди сарбанди неругоҳро амалӣ мекунанд, дастур дод, ки ҳамаи корҳо бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ амалӣ карда шаванд. Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иншооти мазкур бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат намояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид ҳамзамон аз биноҳои идораи дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ ва садамавии нақбҳои сохтмонии 1 ва 2, дарвозаҳои таъмирии нақби обқабулкунаки муваққатӣ ва камераи васлгарии нақби обқабулкунаки муваққатӣ дидан намуд.

Корҳои сохтмонӣ дар қубурҳои обпартои агрегатҳои 5 ва 6 бошад, бо ҷушу хурӯш идома дорад. Дар ин ҷо мутахассисони ватанию хориҷӣ 70 фисади корҳои нақбканиро ба итмом расонидаанд. Корҳои оҳану бетонӣ низ дар қитъаи сохтмонӣ вусъат меёбад.

Аз сифати хуби бунёдкорӣ, ҳамчунин рӯҳияи болидаи коргарони ин кохи нурофарин баръало аён аст, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ кардаанд.

Айни ҳол дар ҳамаи қитъаҳои сохтмонии Неругоҳи барқии обии Роғун наздики 12 ҳазор нафар коргарону мутахассисон шабонарӯзӣ машғули коранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *