Президент чанд корхонаро ба истифода дод

Дар корхона истеҳсоли 207 намуди халтаҳои полиэтиленӣ ба роҳ монда шуда, дар як моҳ 20 тонна ашёи хоми бепартов коркард мешавад.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти нав ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд нахуст Пешвои миллат ба фаъолияти корхонаи инноватсионӣ — истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдполитекс» оғози расмӣ бахшида, бо раванди истеҳсолот дар ин корхонаи саноатӣ аз наздик шинос шуданд.

Сохтмони корхона соли 2017 дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи саноат ба роҳ монда шуда, он дар муддати камтар аз ду сол бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ босифати баланд сохта ва бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот таъмин гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона истеҳсоли 207 намуди халтаҳои полиэтиленӣ ба роҳ монда шуда, дар як моҳ 20 тонна ашёи хоми бепартов коркард мешавад. Ашёи хом барои истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ дар корхонаи инноватсионӣ—истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдполитекс» аз Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон ворид карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи инноватсионӣ-истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдполитекс” дар як шабонарӯз ба 100 ҳазор ва дар як моҳ ба 3 миллион дона халтаҳои полиэтиленӣ баробар аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхона ва суҳбат бо кормандон, ки аксариятро занон ташкил медиҳанд, ба иқдоми соҳибкорон Мирзоазиз Усмонов ва Шодимурод Саидов баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва аз байн бурдани воридоти халтаҳои полиэтиленӣ аз хориҷ таъкид доштанд.

Ҳамчунин, дар маркази шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи нави хизматрасонии «Баҳор» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2017 оғоз гардида, иншоот аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Мадина Самандарова ва Икром Содиқов сохта шудааст. Ошёнаи якуми маҷмааи хизматрасонӣ барои кошонаи ҳусн ва маркази савдо, ошёнаи дуюм барои тарабхона ва ошёнаи сеюм барои меҳмонхона пешбинӣ гардидааст.

Меҳмонхонаи маҷмааи хизматрасонӣ бо 18 ҳуҷра метавонад дар як вақт то 36 нафарро қабул намояд.

Ҳамзамон, дар шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри ҷавононро, ки бо тарҳи хеле зебои миллӣ таъмиру таҷдид гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои Қасри ҷавонон аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 700 ҷойи нишаст мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити бинои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои таъмиру навсозии сохтмон баҳои баланд дода, ҷавонон ва масъулинро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *