Президент: Нақби “Истиқлол” ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ нест

Бо вуҷуди фаъолияти чандинсола нақби “Истиқлол” ҳанӯз ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ набуда ва бояд навсозӣ шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон рӯзи 26 декабр зимни иросли паёми солона ба порлумони Тоҷикистон гуфт, ки ба манзури навсозии ин нақб 10 миллион доллар ҷудо шудааст.

Ба гуфтаи вай, бояд системаи ҳавокашӣ, равшанидиҳӣ такмил шавад ва роҳи дохили нақб пурра таъмир гардад.

Ҳамчунин, раиси ҷумҳур ба бунёди толорҳои зиддитарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ишора карда ва гуфт, бояд ҳарчӣ зудтар чунин толорҳо дар имтидоди ин шоҳроҳ бунёд гардад.

Вай таъкид кард, ки бояд бехатарии роҳро таъмин шавад. Зеро дар ин роҳ фалокатҳои зиёд бинобар тармафароӣ рух медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *