Президент савори поезд ба Қурғонтеппаю Кӯлоб рафт

Расо соати 6-и пагоҳии имрӯз ( 24-августи соли 2016)  нахустин қатора аз саристгоҳи роҳи оҳани пойтахт бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор дар самти Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ба роҳ баромад.

Бунёди роҳи оҳани мазкур бо иштироки Сарвари давлат оғоз гардида, арзиши лоиҳавии он зиёда 165 млн сомониро дар бар мегирад. Дар ин шоҳроҳ 3 адад нақб бо дарозии умумии 3643 метр бунёд гардида, дарозтарин нақби он 2 ҳазору 209 метрро ташкил медиҳад, ки дар шароити кӯҳистони минтақа бунёди он маҳорати баланди касбӣ ва донишу таҷрибаи мутахассисонро талаб мекард. Ҳамзамон дар ин лоиҳа 8 адад купрук бо дарозии умумии 683,2 метр бунёд гардид.

Агар бо назардошти аҳамият ва афзалияти иқтисодии лоиҳа назар афканем, метавон гуфт, ки роҳи қаблӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа бо убури марз 432 кмро дар бар мегирифт ва маҳз бо бунёди нақбу купрукҳо 313 км ихтисор гардида, дарозии он ҳамагӣ 119 кмро ташкил хоҳад дод.

Таносуби боркашонӣ тавассути хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа барои 1 тонна қариб 120 сомонӣ арзон хоҳад гашт, яъне қаблан он ба 160 сомонӣ баробар буд ва акнун тавассути роҳи нав 35-40 сомонӣ арзиш хоҳад дошт.

Мутобиқи нишондоди мутахассисон самаранокии солонаи иқтисодии роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа 46 млн. сомониро дар бар мегирад ва ин тадбир имкон медиҳад, ки дар давоми 10 сол тамоми хароҷоти барои бунёди он масрафшуда барқарор карда шавад.

Сарвари давлат дар ифтитоҳи нахустин нақби роҳи оҳани мамлакат – Ҳулбук бо дарозии 2-ҳазору 209-метр изҳор дошт, ки тамоми талошҳои Ҳукумати мамлакат бо татбиқи сиёсати муваффақи баровардани Ҷумҳурӣ аз мушкилоти коммуникатсионӣ барои рушди ҷомеа ва таъмини некуаҳволии мардум равона шудааст. Мувофиқи маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон сохтмони 41 км роҳи оҳан дар маҷмӯъ 450 миллион сомонӣ, аз ҷумла 359 миллион сомонӣ барои корҳои сохтмонӣ, 43 миллиону 602 ҳазор сомонӣ барои харидории техникаҳои муосиру муқтадир сарф шудааст. Омодасозии 41 километр таҳкурсии роҳ ва таҳкими қисми болои он, кандани 12 миллиону 374 ҳазор метрии мураббаъ хок, таркиш дар 4 миллиону 230 ҳазор метрии мураббаъ ва бунёди 20 километр хатти нерӯи барқ, 110 адад қубурҳои обгузар, 4 гузаргоҳ ва 2 бинои истгоҳи замонавӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуда, тамоми талаботи стандартҳои муосири роҳсозиву инфрасохторӣ риоя шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҳаракат дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, изҳор дошт, ки имрӯз барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматқарини вилояти Хатлон рӯзи басо хотирмони таърихӣ мебошад. Зеро дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон-биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз нақшаҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ бисёр муҳимми мо, амалӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *