Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Президент: Вайронкунандагони карантинро паронед

Дастури президент: Онҳое, ки карантинро вайрон мекунанд, бикушед!

Президенти Филиппин ба мақомот дастур дод, онҳое, ки талаботи карантинро вайрон мекунанд, дар ҷойи ҳодиса ба қатл расонида шаванд. Ин нуктаро Родриго Дутерте, президенти Филиппин зимни як суханронӣ баён доштааст. Родриго Дутерте ба полис ва артиш амр додааст, шахсоне, ки муқовимат нишон дода, боис ба интиқоли коронавирус мегарданд, ба қатл расонида шаванд. Дар ибора пойгоҳи centralasian.org дар такя ба Хадамоти матбуоти президенти Филилиппин хабар додааст. “Фармони ман ба полис ва артиш аст. Агар ягон мушкилӣ вуҷуд дорад ва агар чунин шавад, ки онҳо муқовимат мекунанд ва ба ҷони шумо хатар таҳдид мекунад, бикушед. Фаҳмо? Ба марг расонед”,- гуфт Дутерте, ки он дар телевизиони маҳаллӣ пахш шуд.
Вай шарҳ дод, ки ин инчунин ба онҳое дахл дорад, ки карантин гирифта шудаанд, аммо намехоҳанд онро риоя кунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.