Президент: Зан надоштан айб аст

Дар рӯзи аввали соли таҳсили имсола, 17 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вақти мулоқот бо кормандони соҳаи маориф дар толори мактаби нави №102 аз Қамариддин Раҳматзода, як омӯзгори 24-сола пурсид, ки оё зан дорад? Ӯ ҷавоби рад дод ва гуфт,ки ҳанӯз таҳсилашро тамом накардааст.

Президент гуфт, ки дар ин син зан надоштан айб аст. Ӯ ба вазири маориф ва ноиби шаҳрдори Душанбе амр дод, ки ин кадри ҷавонро дастгирӣ ва хонадор кунанд. Тавре Президент изҳор дошт, як сохторе ҳаст, ки духтарони ятимро тарбия мекунанд, мехононанд ва сипас ба шавҳар медиҳанд.

Ӯ ба омӯзгори муҷаррад машварат дод, ки аз байни ҳамин духтарон барои худ ҳамсар интихоб кунад. «Бениҳоят духтаракони зебоянд онҷо”, — гуфт президенти Тоҷикистон. Ҳоло маълум нест, ки ин ҷавон аз маслиҳати Президент истифода мебарад ё не.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *