Маскав: Президенти Қирғизистон ба парад роҳ наёфт

Қирғизистон яке аз шарикони стратегии Россия ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, ин кишвар узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошад. Густариши робитаҳои қавӣ байни ин ду кишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки онҳо шарики стратегии воқеӣ мебошанд.

Интизор мерафт, ки дар сафари охирини худ ба Маскав бахшида ба 75 солагии иди ғалаби мулоқоти Сооронбой Жээнбеков бо Владимир Путин баргузор мегардад ва эҳтимолияти мушкили сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Аммо дар паради 75 -солагии Иди ғалаба роҳ наёфтани Президенти Қирғизистон эҳтимолияти ин мулоқотро аз байн бурд.

Тавре телевизиони Россия-24 хабар медиҳад, президент ба он хотир дар парад иштирок накард, ки дар вуҷуди ду нафар аз ҳайати ҳамроҳикунандааш каронавирус ошкор гардид.

Тавре манбаъ хабар медиҳад ду нафаре, ки ҳамроҳ бо президент буданд, пас аз вориди Маскав озмоиши коронавирус натиҷаи мусбат нишон доданд.

Тибқи дастур, пеш аз парвоз ба Маскав президент ва аъзои ҳайати ҳамроҳикунанда аз санҷиши тестии  COVID -19 гузашта буданд ва натиҷа барои ҳама манфӣ баромада буданд, хабар додааст хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон.


Гуфта мешавад, ки пас аз расидан ба Маскав ҳама бори дигар аз санҷиши тести гузаштаанд. Нитиҷаи санҷиш нишон додааст, ки Данияр Сыдыков мудири шӯъбаи робитаҳои хориҷии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва як корманди амниятӣ дар вуҷудашон каронавирус доранд.

Ёдовар мешавем, ки 23-уми июни соли равон ҳукми суд нисбат ба собиқ Президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоев содир гардид ва ӯ ба муддати 11 сол равонаи зиндон шуд.
Бояд гуфт, ки дар гузашта Сооронбой Жээнбеков ва Алмосбек Отамбоев дӯстони наздик ба ҳисоб мерафтанд ва бо талоши Алмосбек Отамбоев Сооронбой Жээнбеков сари қудрат омада буд.
Баъд аз ба сари қудрат омадани Сооронбой Жээнбеков ба гунае байнашон гурбаи сиёҳ гузашта бошад, ки дӯсти худро равонаи зиндон намуд.
Зимнан, суҳбати Шариф Ҳамдампур, сармуҳарри ҳафтаномаи “Тоҷикистон”-ро бо собиқ Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз дохили матн метавонед мулиа кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *