Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Профессор Азизов дар роҳ ба сӯи донишгоҳ даргузашт

Музаффар Азизов, профессори кафедраи илмҳои дақиқи филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии Москва дар шаҳри Душанбе субҳи 16-уми феврал дар роҳ ба сӯи донишгоҳ даргузаштааст.

Ин хабар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук паҳн шуд. Олим, риёзидон, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Музаффар Азизов 25 августи соли 1950 дар деҳаи Соржи ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст.

Солҳои 1968–1973 дар факултети математикаи ДДОД ба номи Т. Шевченко таҳсил кардааст. Соли 1973 ассистенти кафедраи анализи математикии донишкадаи номбурда, 1975–1980 ассистенти кафедраи анализи математикӣ, солҳои 1980–1985 коромӯз ва аспиранти Институти математикаи Академияи илмҳои ҶШС Украина, 1985–1993 ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи анализи математикии донишкадаи омӯзгорӣ, 1993–1997 докторанти Институти математикаи АИ Украина буд. Аз соли 1997 ҳамчун дотсент ва аз соли 2007 дотсент ва мудири кафедраи анализи математикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.