Профессор Исмоилов даргузашт

Профессори  кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Шамсулло Исмоилов аз одам даргузашт. Дар ин бора аз донишкадаи мазкур хабар доданд.

Профессор Шамсулло Исмоилов  17-уми июни соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод ба дунё омадаааст. Баъд аз хатми омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм (ҳоло Рашт, соли 1966) бо умеди муаллим шудан ба Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳояшонро супорида, донишҷӯ гардид.

«Устод Шамсулло Исмоилов дар айёми нобасомониҳои рӯзгор, яъне, соли 1999 диссертатсияи доктории худро дар мавзӯи «Таҳлили лингвистии топонимияи водии Қаротегини Тоҷикистон» ба анҷом расонида, ҳимоя намудаанд, ки аз тарафи забоншиносони шинохтаи ҷумҳурӣ ва берун аз он баҳои сазовор гирифт.

Дар муддати фаъолияти илмиву таълимияшон профессор Шамсулло Исмоилов беш аз 200 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ навишта, рисолаҳои «Назаре ба вожаҳои ҷуғрофӣ» (1993), «Баъзе масъалаҳои таълими забон дар мактаб» (1994), «Инъикоси архаизму диалектизмҳо дар номҳои ҷуғрофӣ» (1996), «Назари Абдусалом Деҳотӣ ба масоили забони тоҷикӣ» (1998), «Раҳнамои таҷрибаи шевашиносӣ» (2005), «Нақши Авесто дар топонимияи Тоҷикистон» (2012), «Як омили халқияти забони асари бадеӣ «(2012), «Топонимияи Тоҷикистон» (2014), «Бузургонро бузургон зинда медоранд» (2016) ва дигар асарҳои гаронарзишро ба нашр расониданд, ки ҳар яке доир ба як шохаи илми забоншиносӣ бахшада шудааст»,-иттилоъ доданд аз донишкада.

Устод аз соли 2013 то охирон рӯзи ҳаёташ дар ин донишкада ба донишҷӯёну аспирантон, магистрону докторантҳо дар баробари дарси забону шевашиносӣ мактаби одаму одамиятро таълиму тадрис медод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *